Аз нишастҳои матбуотӣ

Тавсияи Раиси “Амонатбонк” ба пессимистҳо

№ 11.08.2023

Sirochiddin-IkromiИҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки бисту дуюми июни соли равон ба тасвиб расида буд,  зимни нишасти матбуотии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Раиси раёсати бонки мазкур Сироҷиддин Икромӣ бори дигар моҳияти манфиати фармони зикршударо шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла зикр шуд, ки бо мақсади тавсеаи ин раванд 855 нуқтаи қабули пардохтҳо тавассути постерминалҳо фаъол гардид. Инфрасохтори мазкур нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкиро дар тамоми ҷумҳурӣ дар бар мегирад.  

Илова бар ин, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 239 –то  ва дар бахши хусусӣ 609 адад постерминалҳо насб карда шуд. Шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR-рамз насб шудааст, ба 1 098 адад расид

Ба ғайр аз ин, баҳри хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон 167 ҳазор корти беноми “Фарогир” ба филиалҳо дастрас шуд.  Дар маҷмӯъ,  шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 757 ҳазор нафар, банкоматҳо 342-то адад ва постерминалҳо ба 2 804 адад расид. Аз тариқи барномаи “Амонатмобайл”  пардохти андоз, хизматрасонии коммуналӣ, интиқоли маблағ тавассути кортҳо, пардохти қарз, идоракунии фосилавии суратҳисоби шахсӣ, ҳамёни электронӣ, пардохт тавассути QR-рамз ва ҳамгироӣ бо манбаъҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ имконпазир буда, теъдоди  истифодабарандагонаш    ба 391 115 нафар расидааст.

Пайвасткунии ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба хизматрасонии Интернетбонк муттасил буда, айни ҳол 8 044 адад  корхонаҳо ва ташкилоти ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд. Муҳим он аст, ки барнома ба сармуҳосибон ва масъулини корхонаҳою ташкилотҳо имконияти бо таври фосилавӣ  гузаронидани супоришномаҳои пардохтӣ ва музди меҳнатро фароҳам меорад.

Зимни  посух ба  саволи  мо  дар бобати хушбин ва ҳавасманд набудани  як идда ба иҷрои фармони фавқ Сироҷиддин Икромӣ қотеъона тавсия дод, ки чунин ашхос ба ҷои пессимист будан беҳтар аст пайи иҷрои рисолаташон, ки дар фармон мушаххас шудааст, иқдом намоянд.

-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» муҳиму саривақтӣ буда, бояд бечунучаро иҷро шавад,- таъкид кард раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк”.

Муоширату озоду самимии С. Икромӣ бо журналистон боис гардид, ки тамоми самтҳои фаъолият бо истинод ба далелу рақамҳои раднопазир бозгӯйӣ гарданд.

Аз он қаноатмандӣ гардид, ки   дар давраи мавриди назар    дороиҳои бонк 6,6 млрд. сомонӣ ва уҳдадорӣ 5,8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 30,9% ва 31,2% зиёд мебошад.

Муҳимтар аз ҳама, пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор интиқол ёфтанд. Ин тамоюл дар сармояи Бонк низ баръало буда, нишондиҳандаи мазкур ба 783,2 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта   29,1% бештар аст.

Дар баробари дигар масъалаҳо, оид ба фоидаи софи бонк низ маълумот пешниҳод гардид. Маълум гардид, ки он 57,7 млн. сомониро ташкил нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  35,5% зиёд мебошад.

Ҷанбаи дигари мусбат тамоюли афзоишро касб намудани эътимоди аҳолӣ ба “Амонатбонк” мебошад. Барои тақвияти суханонаш Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 34,2%  фузун аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки пасандозҳои аҳолӣ дар ин давра зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуда,  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  12% афзудааст.

Табиист, ки пасандозгузорон ба ивази ин амал фоиз мегиранд, ки барои беҳбуд ёфтани сатҳу сифати зиндагиашон мусоидат менамояд. Иттилоъ гирифтем, ки  фоизи ба аҳолӣ пардохтнамудаи “Амонатбонк”  дар давраи мавриди назар 39,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Пешниҳоди қарз низ тавсеа ёфта, ба 26,7 ҳазор муштарӣ 993,4 млн. сомонӣ  дастрас гардид. Ин нишондиҳанда низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12,2% зиёд аст. Агар қарзҳои додашударо раддабандӣ намоем, ба саноат 28,6 фоиз, кишоварзӣ  — 27,6, истеъмолӣ — 19,8, сохтмон  — 14,7, тиҷорат — 8,4, нақлиёт — 0,2 ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 0,7 фоиз  рост меояд.

Далер АБДУЛЛО,

“Садои мардум”