Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи кишти такрорӣ иҷро шуд

№ 05.08.2023

Раиси ноҳияи ВахшРаиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов зимни нишасти матбуотӣ, ки 4 августи соли 2023 баргузор гардид,  изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон хоҷагиҳои  деҳқонию ҷамъиятии ҳудуди ноҳия дар майдони 17 ҳазору 476 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, аз заминҳои киштшуда, 28 ҳазору 709 ғалладонагӣ, 10 ҳазору 589 картошка, 44 ҳазору 861 тонна сабзавот, 2115 меваҷот, 19 ҳазору 590 полезӣ, 2704 гӯшт, 10 ҳазору 551 шир, 219,5 пашм, 6,7 пилла ва 31 ҳазору 668 тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.

Мувофиқи дурнамо дар майдони 8164 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Ҳамчунин иҷроиши дурнамои содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 100,4 фоиз иҷро шуд, ки 4317,1 тонна маҳсулот мебошад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»