Об яке аз сарватҳои муҳими табиӣ буда, барои инсоният ҳаёт мебахшад. Бинобар норасоӣ ва истифодаи нодурусти он дар сайёра мушкилот афзун мегардад.
Аз ҳаҷми умумии обҳои сайёраи Замин, ки баробар ба 1 миллиарду 400 миллион километри мукааб аст, танҳо 2,5 дарсад, яъне зиёда аз 35 миллион километри мукааб оби ошомиданӣ мебошад. Зарур аст, ки ба қадри ин неъмат расем, онро дуруст ва сарфакорона истифода намоем, вагарна норасоии оби тоза ҳаётро метавонад торафт мушкилтар созад. Айни замон беш аз 40 дарсади аҳолии Замин аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ пиряхҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ба ҳисоб мераванд.
Масъалаи дигаре, ки ба норасоии оби ошомиданӣ сабаб шудааст, афзоиши босуръати аҳолӣ дар ҷаҳон аст. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, шумораи аҳолӣ дар сайёра то соли 2100 ба 11 миллиард хоҳад расид. Бинобар ин, мушкилии об торафт мураккаб мегардад. Аз гузоришҳои интишорнамудаи СММ бармеояд, ки имрӯз беш аз 700 миллион нафар дар зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд.
Дар давоми 50 сол зиёда аз 500 муноқиша вобаста ба норасоии оби нӯшокӣ рух додааст ва дар натиҷаи ин ҳодисаҳо шумораи шаҳрвандони зиёди минтақаҳои хушксол аз макони худ фирор кардаанд. Ҳоло ҳам баҳсҳои зиёд дар мавриди обу истифодаи он боқӣ монда, ҳар лаҳза хатари ба ҷанг мубаддал гаштани ин баҳсҳо вуҷуд дорад. Мушкилоти дигар ин истеъмоли оби бесифат аст, ки боиси марги 3,5 миллион нафар аҳолии рӯи Замин дар як сол мегардад ва 84 дарсади ин шумораро кӯдакону наврасони то 14-сола ташкил медиҳанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори кишварҳои пешрафтаи дунё дар масъалаи ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳмгузор аст.
Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, онҳо барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои глобалӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин замина, ба ҳалли бисёре аз масъалаҳои вобаста ба об дар сайёра идома дода мешаванд. Махсусан, дар Тоҷикистон тайи ин солҳо корҳои зиёд барои таъмини аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ ба сомон расиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст.
Давлати мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза, мо низ ба ин мушкилот мувоҷеҳ ҳастем.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар миқёси минтақа ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ин рӯ, мо бояд дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузошта, ҳамчун кишваре, ки обро асоси дипломатияи муътадил ҳисобидааст, пешсафу пешкори чунин ташаббусҳо бошем. Ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд. Панҷ ташаббуси беназири Сарвари давлат барои рафъи мушкилоти ҷаҳонии марбут ба об таҳрик бахшиданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»