Устод Айнӣ –раҳнамои олимони ҷавон

№114 (4697) 18.09.2023

Розиқзода А (2)Мактаби илмию адабии устоди забардаст Садриддин Айнӣ, таҷрибаи таҳқиқоти илмӣ, муносибати хайрхоҳона ва дар айни замон сахтгиронаи ин саромади илму адаби тоҷик барои ҷавонони имрӯза дар роҳи душвору заҳматталаби илм воқеан, намунаи ибрат, роҳнамои муфид ва дастурамали муассир мебошад. Устод муддати умри пурбаракати худ ба даҳҳо шоирону нависандагон, олимону пажӯҳишгарон бо маслиҳату роҳнамоӣ дасти мадад дароз кард, ки аксари онҳо оянда чун олимони забардаст, чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги кишвар ба камол расида, муаррифгари миллати тоҷик гардиданд. Ҳақ ба ҷониби шогирд ва ҳамкори устод Айнӣ Раҳим Ҳошим аст, ки гуфта: «… Айнӣ на фақат ба воситаи осори боқигузоштааш ба мо бисёр чизҳо омӯхтааст ва меомӯзад, балки ба воситаи ҳаёти шахсии худаш, тарзи зиндагии худ, муносибаташ ба кор бо вазифашиносиаш, бо риояташ ба интизом низ барои мо, хусусан барои ҷавонон аз бисёр ҷиҳатҳо намунаи ибрат шуда метавонад».

Доир ба нақши бузурги мактаби илмии устод Айнӣ дар тарбияи адибону нависандагон, рӯзноманигорон ва умуман аҳли эҷоди нимаи аввали асри XX, пажӯҳишгарону айнишиносон чандин китоби бунёдӣ, ёддошт, монография, диссертатсия ва асару мақолаҳо ба табъ расондаанд. Мо зарур донистем бо зикри мисолҳои воқеӣ аз рӯзгор ва таҷрибаи амалии устод Айнӣ дар чигунагии муносибат бо олимони ҷавон, бо ибораҳои пурҳикмати устод ба «қаҳрамонони ба суроғи илм рафта» шогирдони имрӯзаро дар роҳи таҳқиқоти илмиашон ба дақиқкорӣ ва навиштани рисолаҳои арзишманд даъват намоем, зеро имрӯз дар ин раванд баъзе тамоюлҳои номатлуб ба чашм мерасанд, ки ҳаргиз ба фоидаи илми ватанӣ нестанд. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз намудаанд: «… таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд …». Бинобар ин, бори дигар ба фидокорӣ, заҳмати ҳалол, анҷоми таҳқиқоти бунёдию арзишманд, кашфиёту ихтироъкорӣ ва дар ин замина пайвастани истеҳсолот ба илм даъвату ҳидоят кардани устодону шогирдон хеле бамаврид ва саривақтӣ мебошад.

Маълум аст, ки устод Айнӣ аз овони хурдсолӣ соҳибистеъдоду мушоҳидакор, дорои хотираи қавӣ ва ҳисси баланди кунҷковӣ буд ва ин хислатҳояш бо мурури замон инкишоф ёфтааст. Чунонки устод мегӯяд: «… ин кунҷковии қобилияти одамон аз хурдсолӣ ба ман одат шуда, бо таҷрибаи бисёр рафта-рафта ба камол расидааст».

Айнии ҷавону ташнаи илму дониш ҳангоми таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро ба хулқу атвор, тарзи либоспӯшӣ, қиёфа, гуфтору кирдори афрод, рӯйдоду ҳаводиси замонаш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд. Ба ҳарф­зании сокинони минтақаҳои гуногуни аморат диққат медод, ҳар як калима ё ибораи нави гуфториро пайдо мекард, бо як завқу ҳирси зиёди кунҷковӣ ба луғатҳои гуногун қиёс ва маъною мафҳуми онҳоро ҷустуҷӯ менамуд. Ба хондани китоб шавқи беандоза дошт, дар омӯзиш аз мушкилот ва заҳмати сангин намеҳаросид. Ҳамаи ин хислатҳо, ки хоси пажӯҳишгари асил мебошанд, ба ӯ имкон доданд, ки бисёр соҳаҳои илму дониши замони худ, аз ҷумла мантиқ, таъриху таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ, забон (грамматика, луғатшиносию луғатнигорӣ), адабиёт (назму наср, фолклор, матншиносӣ, танқиди адабӣ), санъат, этнография (қиёфашиносию чеҳрашиносӣ, урфу одати мардум), шариати ислом, педагогика (таълиму тарбия), психологияро аз бар намуда, ҳамчун донишманди бузург ба камол расад ва аз худ барои наслҳои оянда осори мондагор ба мерос гузорад.

Тамоми рӯзгор ва осори устод Айнӣ барои шоирону нависандагон, адабиётшиносону забоншиносон, таърихшинсон ва олимони ҷавон дар шоҳроҳи илм мактаби бузурги омӯзиш ва таҷриба маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, устод Айнӣ борҳо ба адибону нависандагони ҷавон роҳнамоӣ намудааст, ки ин мавзӯи суҳбати дигар аст.

Бояд гуфт, ки устод Айнӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ диссертатсияи алоҳида нанавишт, вале бар асоси таълифоту нигоштаҳо таълифот ва хидматҳои арзандааш дар рушди илму адаби тоҷик аз тарафи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) ба дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ, ҳамзамон аз рӯи пажӯҳиш ва таҳқиқоти асилу бунёдӣ ва фаъолияти омӯзгориаш дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба унвони профессор сазовор дониста шуд.

Ин донишманди бузург нисбат ба афрод дар роҳи илму эҷод сахтгиру серталаб буда, ҳусну қубҳ ва камбуду норасоии осорашонро ба хотири пешрафти илм ба таври комил ошкор мекард.

Имрӯз олимони мо, бахусус, олимони ҷавон, нақду машваратро хуш намепазиранд ва қабул ҳам надоранд. Аз ин ҷост, ки таҳқиқоти диссертатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ дар кафедраю шуъбаҳо, муассисаҳои пешбар ва ҷаласаҳои пешдифоъ ҷиддӣ муҳокима намешаванд. Аксар муҳокимаҳо дар шӯрои диссертатсионӣ бисёр вақт ба таҳсину офарини диссертант сипарӣ мешаванд. Тақризи муқарризони расмӣ аксаран такрори якдигаранд. Ин шаҳодати он аст, ки тақризҳоро роҳбар ва унвонҷӯ худашон пешакӣ омода месозанд. Дар ин ҳол омӯзиши таҷрибаи мактаби илмию адабии устод Айнӣ барои ҷавонон бисёр муассиру созанда аст, ки дар анҷоми рисолаҳои илмӣ ҷиддӣ ва масъул бошанд.

Аз ин ҷиҳат мулоҳизаҳо, андешаю маслиҳатҳои устод Айнӣ нисбат ба нависанда Ҷалол Икромӣ, дар мукотибааш ба Абдусалом Деҳотӣ (23 — юми октябри соли 1946) ҷолиб аст: «… ман барои дуруст шудани кори ҳеҷ нависандаи ҷавон, садяки он дараҷае, ки барои дуруст шудани кори Ҷалол Икромӣ азоб кашидаам, накашидаам».

Вақте ки қисми якуми романи «Шодӣ»-ро Ҷалол Икромӣ ба итмом расонд, ду сол мавриди нақди аҳли қалам қарор мегирад ва ниҳоят нашриёт онро барои таҳрир ба Сад­риддин Айнӣ мефиристад. Устод Айнӣ дар ин бора чунин менависад: «Дастнавис (қисми якуми романи «Шодӣ» дар назар аст — Р. А.) дар як дафтари калони муқовадор саҳифа дар миён навишта шуда буд. Ман дар болои кори ин китоб, ба муқобили ҳар саҳифа як саҳифа дар бораи хатоҳои он саҳифа навиштам ва дар охир ҳамин мулоҳизаро қайд кардам, ки «агар муаллиф ҳамаи он хатоҳоеро, ки дар ин ҷо нишон дода шудааст, ислоҳ намояд, қобили табъ аст».

Аз ин навиштаҳои устод Айнӣ чунин бармеояд, ки Ҷалол Икромӣ китобро бидуни ислоҳи баъзе хатоҳои ишоракардаи устод чоп намудааст. «Охир, ба кадом роҳе, ки бошад — мегӯяд Айнӣ, — қисми якум (яъне қисми якуми романи «Шодӣ» — Р. А.) чоп шуд ва ҳамаи он фикрҳои танқидии ман аз забони ом ба майдон баромад. Аммо он нусхае, ки ман кор кардам, ба майдон набаромад».

Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки агар Ҷалол Икромӣ хатоҳоро ислоҳ мекард, «ин қадар шатта намехӯрд …» ва ӯ «… бояд мағрурӣ ва худнамоиро як сӯ монда, ба маслиҳатҳои одамони таҷрибакор ва ба танқидҳои ҳаққонӣ гӯш андозад ва ба амал орад. … Ҷалол, бешубҳа қувваи нависандагии калон дорад. Бояд ӯ бар болои асарҳои худ фикри коллективро гирифта, гашта баргашта кор кунад. Ягона ва охирин маслаҳати ман ба ӯ ҳамин аст».

Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки устод Айнӣ истеъдоди нависандагии Ҷалол Икромиро дар ҳоли шуҳраташ эътироф мекунад, вале дар баробари ин, камбудиҳои романи «Шодӣ»-ро хеле муфассал ошкор менамояд, ки ин барои пешрафти адабиёти тоҷик ва рушди инфиродии адиб заминаи мусоид мегузорад.

Аз солҳои 40-уми асри гузашта таваҷҷуҳи аспирантону муҳаққиқон ба осори гаронбаҳои устод Айнӣ зиёд шудан гирифт. 18 — уми ноябри соли 1949 Набиҷон Раҳимов – аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Ӯзбекистон ба устод Айнӣ мактуб навишт, ки «… мехоҳам мавзӯи диссертатсияи худро аз эҷоди пурҳосили он ҷониб бигирам. Бад — ин сабаб бағоят хоҳишмандам, мавзӯъҳои рафиқони дигар, ки онро аз эҷоди шумо диссертатсияи худ гирифтанд, бо василаи хат маълум намоед». Дар посух устод Айнӣ ба Набиҷон Раҳимов менависад, ки «… ман намедонам, кӣ ба болои кадом асари ман кор карда истодааст? Ҳамин қадар медонам, ки Соҳиб Табаров ном аспиранти филологи тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттифоқ ду сол боз бар болои румони «Ғуломон» кор мекард. Соли гузашта (яъне, соли 1948 – Р. А.) диссертатсияи худро дар Ленинград — дар Институти шарқшиносии Академияи фанҳои Иттифоқ ҳимоя карда, номи кондидотиро гирифт. Дигар аз касе хабар надорам. Бо ҳамаи ин ман тавсия мекунам, ки шумо бар болои румони «Дохунда» кор кунед».

Дар баробари ин, устод Айнӣ ба хотири пешгирӣ аз хато ва ғалаткорӣ ба аспиранти ӯзбекистонӣ Набиҷон Раҳимов тавсия медиҳад, ки: «… лекин на бар болои чопи ӯзбекии вай (яъне, «Дохунда» — Р. А.). Чунки вай тарҷума буда, сар то по вайрон аст. Шумо бояд бар болои нусхаи тоҷикиаш, ки ҳамин сол ба муносибати Декадаи адабиёти тоҷик дар Истолинобод чоп шуд, кор кунед».

Дар иртибот бо муносибати гарму хайрхоҳонаи устод ба муҳаққиқони ҷавон мукотибаи Муҳаммадҷон Шукуров бо устод Айнӣ хеле ҷолибу омӯзанда мебошад. Аз мактуби Муҳаммадҷон Шукуров маълум мегардад, ки ӯ бори аввал 17- уми январи соли 1950 ба устод муроҷиат карда буд, ки «Ман писари хурдии Садри Зиё Муҳаммад мебошам, ки аз Сталинобод хат карда истодаам … Ман аспирант ҳастам ва мавзӯи диссертатсияам эҷодиёти Аҷзӣ мебошад». Дар идомаи мактуби худ аспиранти ҷавон вобаста ба шахсият ва эҷодиёти Аҷзӣ ба устод Айнӣ бо шаш савол муроҷиат менамояд: «Равшан шудани ин масъалаҳо барои пеш рафтани кори ман аҳамияти калон дорад. Агар дар ин соҳа аз Шумо, устод, ёрӣ мегирифтам, то абад миннатдор мемондам».

Устод Айнӣ новобаста аз беморӣ ва серкорӣ дар мактуби ҷавобиаш ба М. Шукуров бо арзи муҳаббату самимият машварат медиҳад, ки «Аҷзиро ман дар соли 1909 аввалин бор дар Самарқанд дида будам … ӯ одами қашшоқи камзамин буд, ки дахлаш ба харҷи фақиронааш намерасид … Ба фаҳми ман, фазилати бисёр муҳими Аҷзӣ ин аст, ки ӯ аз байни зиёиёни куҳна дар замони куҳна аввалин касест, ки забони русиро омӯхтааст ва ба омӯхтани забон ва маданияти рус мардумро ҷиддиёна ва гарму ҷӯшон ташвиқ кардааст» . Дар баробари ин, устод Айнӣ ба М. Шукуров ишорат кард, ки: «Дар Самарқанд писари Аҷзӣ ҳаст, ки Аъзамхон ном дорад. Ман шунидам, ки ӯ дар бораи падари худ мақолаи муфассале навишта, ба идораи журноли «Шарқи сурх» фиристодааст. Шумо метавонед аз ҳамон мақола (агар чоп нашавад, аз дастнависаш) дар бораи тарҷумаи ҳоли Аҷзӣ фоида баред».

5898Устод С. Айнӣ дар робита ба он муҳаққиқону пажӯҳишгароне, ки хоҳиши таҳқиқи осору зиндагонии худи ӯро доштанд, бо муҳаббату самимият аз рӯи одобу ахлоқи инсонӣ рафтор мекард, ки ҳоло ҳам ин таҷриба барои роҳбарони илмии имрӯза омӯзанда ва муфид аст.

Таваҷҷуҳ менамоем ба мактубҳои устод Айнӣ ба донишҷӯ ва муҳаққиқи ҷавон Расул Ҳодизода: «Ҳангоми таҳсили мактаби олӣ дар Тошканд Расул Ҳодизода 2 — юми январи соли 1950 ба номи С. Айнӣ мактуб навишт, ки аз ҷониби факултет якчанд мавзӯъро ба сифати кори дипломӣ пешниҳод кардаанд, вале ба ӯ бештар интихоби мавзӯи «Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик» писанду ҷолиб мебошад». Инчунин, Расул Ҳодизодаи илмдӯст дар мактубаш меафзояд, ки «Ин кори аввалини ҷиддии илмии ман аст ва мехоҳам қадами нахустини ман бемуваффақият набарояд. Аз ин сабаб, бо изҳори хоҳиши зерин муроҷиат намудам. Агар вақт дошта бошед ва ба корҳои дигари Шумо халал нарасад, ба кори диплумии ман роҳбарӣ намуданро қабул мекардед, хеле хуб мешуд».

Устод Айнӣ дар мактуби ҷавобӣ (аз 27-уми феврали соли 1950) ба Р. Ҳодизода навишт: «Бо афсӯс маҷбурам ба Шумо маълум кунам, ки ман дар бораи дипломни работетон ба Шумо роҳбарӣ карда наметавонам». Аввалан, устод бо узри серкорӣ, этикаи илмӣ ва хоксорӣ аз раҳбарӣ даст кашид. Дувум, навиштааст ин марди хирадманд: «Модом, ки кори шумо тадқиқи асарҳои илмии ман аст, худи ман роҳбарӣ карданам, он қадар муносиб нест». Ҳамзамон, ин олими барҷаста барои дилсард нашудани як муҳаққиқи ҷавон узр пеш овард, ки «Ман умедворам ва боварӣ дорам, ки шумо ин узрҳои маро мефаҳмед ва барои рад кардани коратон аз ман намеранҷед … ман маслиҳат медиҳам, ки профессор Семёнов (А. А. Семёнов — Р. А.)-ро ба худ раҳбар қарор диҳед».

Муносибати хайрхоҳона ба муҳаққиқони ҷавони эҷодкору дақиқназар ва дастгиру мададгор будани устод Айниро аз чанд мукотибааш бо нависанда ва публитсист Тоҷӣ Усмон ҳам эҳсос кардан мумкин аст. Аз як мактуби Тоҷӣ Усмон ба номи С. Айнӣ (аз 11- уми марти соли 1950) чунин бармеояд, ки завҷаи ӯ доир ба таърихи хонии Бухоро аз замони инқилоби феврал то инқилоби октябр диссертатсия менависад ва дар ин хусус аз устод Айнӣ роҷеъ ба чанд масъала машварат мехоҳад.

Азбаски устод Айнӣ рафти воқеаҳои таърихии ин давраро ба унвони шоҳиди замон хуб медонист, дар мактуби ҷавобиаш (аз 15- уми марти ҳамон сол) ба номи Тоҷӣ Усмон навишт: «Ҳозир ҳамин қадарро маслиҳат медиҳам, ки «Бухоро инқилобӣ таърихнинг маторёлларӣ» ном асари маро хонда бароянд. Зеро ҳар чизе, ки ман дар ин бора донам, дар ҳамон китоб ҳаст». Аз навиштаҳои баъдии Тоҷӣ Усмон маълум мегардад, ки ба диссертатсияи завҷааш Бобоҷон Ғафуров низ, ҳамчун муҳаққиқ баҳои хуб додааст. Баъдан, устод Айнӣ 4-уми ноябри соли 1950 ба ин диссертатсия тақризе навишт, ки «Ман ба сифати як шоҳиди зиндаи аҳволи байни феудол ва уктабри Бухоро ва монанди як иштироккунандаи он воқеаҳо масъалаҳои дар он асар ҳал кардашударо мувофиқи фактҳои таърихӣ медонам ва ин диссертатсияро барои ҳимоя кардан сазовор мешуморам».

Акнун чанд сухан атрофи муносибати устод Айнӣ бо фарзандонаш Холида ва Камол, ки роҳи илмро пеша карда буданд. Устод фарзандонашро ба мисли худаш дар рӯҳияи илмдӯстӣ ба камол расонд. Ӯ дар ҳеҷ сурат ба фарзандонаш имкон надод, ки аз ном ва шуҳрати падарашон истифода намоянд, балки ҳамеша барои таҳсили фарзандонаш аз ҷиҳати моддию маънавӣ шароити зарурӣ фароҳам овард ва аз ҳар пешравӣ ва муваффақияти фарзандонаш хурсанду болидарӯҳ буд. Дар як мактубаш устод Айнӣ ба академик Султон Умаров менависад: «… бародарзодаатон Холида Айнӣ имсол УзГу-ро дар группаи русии факултаи адабиёт бо баҳои аъло – 5 тамом кард. Дар диплумни работ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро дар забони русӣ кор карда баромад. Ба ин кори ӯ профессор Бертелс (Е.Э. Бертелс (1890-1957) – Р.А.) баҳои бисёр хуб дода, дар як ҷойи тақризи худ гуфтааст: «Агар бар болои ин маторёл боз андак кор кунед, барои диссертатсияи номзадии илмӣ меарзад».

Устод Айнӣ андаке дертар дар як мактуби дигараш (аз 23-юми январи соли 1952) ба Юлдошев – корманди маъмурии Академияи илмҳо хушнудии худро изҳор медорад, ки «… духтари ман Холида диссертатсияи кондидотии худро бомуваффақият ҳимоя карда, бо як овози совети илмӣ унвони кондидотӣ додан ба ӯ қарор дода шудааст». Ва аз ин муваффақияти илмии фарзандаш хушҳолиашро пинҳон накардааст, зеро хуб медонист, ки Холида дар ин ҷода хуб заҳмат кашидаву арзанда буд.

Вале дар як мактуби дигараш (25 — уми июли соли 1953) ба Саидҷон Алиев – корманди Институти педагогии Бухоро аз муносибати роҳбарони институт ва кормандони он ба набераи бародараш Юсуфҷон Иброҳимзода изҳори норизоӣ менамояд. Азбаски навиштаҳои ин олими забардаст ва марди хирад имрӯз ҳам барои олимону эҷодкорони ҷавон дарси ибрат ва хеле муфид аст, зикри баъзе нуктаҳои онро бамаврид медонем:

«Рафиқ Саидҷон Алиев! … Як мактубатон дар хусуси баёни қобилияти набераи ман Юсуфҷон Иброҳимзода буд. Дар он мактуб ба ӯ ёрмандӣ карданатонро ва шеърҳои ӯро ба газета чоп кунонданатонро изҳор карда будед. Аз худи талабаи мазкур низ 2-3 мактуб гирифтам, ки хеле аз шоир шудани худ фахр мекунад…

… Ба фаҳми ман ва аз рӯи таҷрибаи ман, ба ҷавонон ин гуна роҳбарӣ кардан зарарнок аст. Онҳоро ҳамеша ба хондани адабиёт ва ба фаҳмида хондани он ташвиқ кардан лозим аст, аммо дар хурдсолӣ ва камтаҷрибагӣ асарнависиро дар онҳо манъ кардан беҳтар аст. Агар аҳёнан чизе нависанд, асари онҳоро аз таҳсин зиёдтар танқид кардан зарур аст, то ки онҳо ба дарди мағрурӣ гирифтор нашаванд. Бо таҷриба собит гардид, ки ҳар ҷавоне, ки дар хурдсолӣ мағрур шавад, аз камол дур мемонад, он низоъҳое, ки дар байни баъзе нависандагони Ӯзбекистон ҳаст, натиҷаи дар хурдсолӣ мағрур шудани онҳост … Дар ин хусус гап бисёр аст, мисол фаровон».

Мазмуну муҳтаво ва андешаҳои устод Айнӣ дар як мактуби дигараш ба номи олими ҷавон Расул Ҳодизода (аз 27- уми феврали соли 1954) роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар аз ғамхории устод ба илми Тоҷикистон дарак медиҳад, ки то имрӯз арзиши худро гум накардааст. Расул Ҳодизода дар шуъбаи аспирантураи Москва таҳсил мекард ва доимо ба устод Айнӣ робита дошт.

Муҳаққиқи ҷавону ояндадор ҳамеша аз меҳрубонию ғамхории устод бархӯрдор буду дастгирӣ меёфт. Аз ҷумла, устод Айнӣ ӯро ба аспирантура фиристода ва муҳлати таҳсилашро низ дароз намуд. Р. Ҳодизода дар яке аз мактубҳояш аз устод Айнӣ хоҳиш менамояд, ки ба ӯ иҷозат диҳад, то дар Москва бимонад. Вале ин марди фозилу дурандеш масъаларо дар сатҳи сиёсию давлатӣ, бо назардошти манфиату шароити онрӯзаи Тоҷикистон чунин ба миён мегузорад: «Ман дар бораи пурсиши шумо (яъне, дар Москва мондани Р. Ҳодизода – Р.А.) сатрҳои зеринро менависам. Ҳар кас, ки дар як замони маълум ва вақти муайян барои таҳсили илм дар Москва истода бошад ва ҳақиқатан ӯ толиби хоҳиши пеш рафтан дошта бошад, албатта, дар он ҷо монданро хоҳиш мекунад. Аммо ман дар шароити ҳозираи беодамӣ ва қаҳтурриҷоли Тоҷикистон ин фикри шуморо қабул карда наметавонам. Ман ҳам аз нуқтаи назари он ки яке аз коркунони ҷавобгари Академияи Тоҷикистон мебошам, ҳам ба сифати он ки шуморо «кадри тайёр» гуфта «ҳой-ҳойю бай-бай гӯён» ба аспирантураи он ҷо тақдим кардаам, ҳам аз ҷиҳати он ки дар вақти пур шудани муддати аспирантураатон шахсан кӯшиши фавқулода карда, муҳлатро шаш моҳ дароз кунонидаам, ин фикри шуморо қатъиян қабул карда наметавонам. Зеро дар он сурат, ҳам худам дар миёни касони ба ин кор дахлдор ва роҳбарони боло расво ва хандахариш мешавам, ҳам дар ҳолати ҳозираи Тоҷикистон виҷдонам дар азоб мемонад. Бояд шумо ҳам дар ин кор на аз нуқтаи назари манфиати шахсии худ, ки дар Москва зудтар пеш меравед ва ҳам зиндагонии он ҷо нисбат ба Сталинобод маданӣ ва осуда аст, қатъи назар карда, фақат ҷиҳати қаҳтурриҷолии (қаҳтии одам) Тоҷикистонро ба назар гирифта зуд биёед … Ҳозира дониши русиатон барои дар Тоҷикистон кор кардан, муваққатан кифоя кунад ҳам, барои коркуни ҳақиқатан илмии адабиёти тоҷик шудан, забони тоҷикиатон кифоя намекунад …».

Вобаста ба муносибати самимонаи устод Айнӣ нисбат ба олимону муҳаққиқон боз аз як мактуби табрикотии дигари ӯ ёдовар мешавем, ки 30 — юми сентябри соли 1953 ба муносибати 60-солагии фаъолияти илмии профессор А. А. Семёнов ирсол шудааст. Дар ин нома С. Айнӣ дар радифи ситоиши хидматҳои шоёну арзандаи А. А. Семёнов ба паҳлуҳои нозуки фаъолияти ин донандаи забардасти таъриху фарҳанги халқи тоҷик ишора менамояд.

Як хусусияти Шумо ин аст, ки – мегӯяд устод Айнӣ, — дар мустамликаи подшоҳӣ — дар Туркистони пештара нишаста, ба омӯхтани забон, хат, адабиёт, санъат ва тарзи меъмории аҳолии мазлуми мустамлика кӯшиш намуда, онҳоро сазовори ҳурмат ва шараф донистед ва ҳол он ки амалдорони мустамликачӣ он аҳолиро хор мешумориданд ва лоиқи ҳар гуна таҳқир медонистанд.

Ҳамзамон, устод Айнӣ ба заҳматҳои профессор А. А. Семёнов дар тарбияи як зумра олимони тоҷик ишора ва миннатдорӣ изҳор намуда, ӯро ифтихори тоҷикон медонад. «Мо, тоҷикон, — менависад устод Айнӣ, — бо шумо фахр мекунем, ки бештарин хидматҳои илмии шумо ба омӯхтан ва эълон кардани мероси маданӣ ва таърихии гузаштагони мо бахшида шудааст ва дар ин роҳ на танҳо хидмати илмии худро дареғ надошта кор кардед, балки дар бобати расонидани кадрҳои пуристеъдод низ кӯшишҳои пурсамар ба амал овардед».

Ҳамин тариқ, бо такя аз вижагиҳои мактаби илмӣ, ки сахтгирию меҳнати ҳалолро тақозо дошт, таҷрибаи амалӣ ва хидматҳои устоди зиндаёд С. Айнӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ҷодаи илму эҷод роҳи осону сода нест ва ин пайроҳа аз ҳар нафар заҳмату бедорхобӣ, матонат, садоқат ва сабуриро тақозо дорад. Агарчанде ин роҳ тахту ҳамвор нест, вале дар ниҳояти кор дарахти пурборест, ки меваҳои шаҳдбору шакаринаш касро ба қуллаҳои мурод мерасонад.

А. РОЗИҚЗОДА,

раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Корманди шоистаи Тоҷикистон