Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Восеъ: Мушкилотро кӣ бояд рафъ созад?»

№115 (4698) 22.09.2023

Мақолаи хабарнигори идора Исломи Раҷабалӣ, ки  дар рӯзномаи «Садои мардум» №70 (4653) аз 26 — уми майи соли 2023 бо номи  «Восеъ: Мушкилотро кӣ бояд рафъ  созад?» нашр гардидааст, дар ҷаласаи назди раиси ноҳия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар мақола муаллиф аз мушкилоти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла  зикр намудааст: «Вазъи ногувори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ волидону омӯзгоронро нигарон кардааст. Ин муассиса, ки 30 км дуртар аз маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир аст, 64 — сол қабл бунёд ёфтааст. Бо гузашти солҳо бо сабаби зиёд шудани шумораи аҳолии деҳа дар мактаб ҳамагӣ чанд синфхонаи иловагӣ сохта шудаасту халос. Ҳоло бинои муассиса куҳнаю нам­нок мебошад».

Муайян гардид, ки эродҳои муаллифи мақола дар мавриди нарасидани мизу курсӣ, таъмирталаб будани бинои муассиса, набудани кабинетҳои фаннӣ  ҳақиқат доранд.

Тавре дар мақола зикр шудааст, имсол Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокмияти давлатии ноҳияи Восеъ ба муассисаи мазкур 20 ҷуфт мизу курсӣ ва се тахтаи синфӣ дастрас намуд, ки то ҷое мушкили норасоии ҷои нишасти хонандагонро бартараф менамояд.

Зимнан, Вазорати маориф  ва илми ҷумҳурӣ дар ҳудуди муассиса сохтмони бинои навро барои 220 ҷои нишаст ба нақша гирифтааст, ки баробари сохта ба истифода додани он мушкили устодону хонандагони пурра бартараф хоҳад шуд.

Аз рӯзномаи «Садои мардум» изҳори сипос менамоем, ки ба соҳаи маориф, хоса, дар навоҳии кишвар бетафовут набуда, камбудиҳои дар  ин самт ҷойдоштаро ошкор менамоянд, ки ин боиси беҳтар гардидани фаъолияти кормандони соҳа ва вазъи муассисаҳо мегардад.

Р. СОЛИҲЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ