05 октябри соли 2023 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Президенти Русия Владимир Путин дар оғози суҳбат Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта таманниёти беҳтарини худро изҳор намуданд.
Сарони давлатҳо дар зимн оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати андешидани тадбирҳои минбаъда дар ростои пешбурди равобиту ҳамкориҳои созандаи ду кишвар таъкид намуданд.
Ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.