Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

№124 (4707) 13.10.2023

53254792299_ee1f393337_o13 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров истиқбол гирифт.