Баррасии масоили марбут ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Минск

№ 30.11.2023

ИД1 

29- уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азиз Солеҳзода – сармутахассиси Шуъбаи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар ҷаласа инчунин котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С.Лебедев ва намояндагони комиссияи мазкур аз давлатҳои узви ИДМ низ иштирок доштанд.

Тибқи барномаи ҷаласаи комиссия интихоби раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ, қабули Қоидаҳои тартиботии комиссия, муроҷиатномаи аъзои комиссия бахшида ба ҷашни 75-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, тарҳрезии лоиҳаи Нақшаи кории Комисиия оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2024-2025, макон ва замони баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссия мавриди назар баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

У. Бобозода бо котиби генералии ИДМ С.Лебедев мулоқот намуд. Зимни мулоқот дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон зикр шуда, таъкид гардид, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бо Ваколатор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия хонум Т. Москалкова, бо узвии Комиссияи доимии Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус оид ба конунгузорӣ ва сохтори давлатӣ вохӯрданд. Дар ин мулоқот сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Сафарзода Бахтовар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуд.

Ҳайати зикршуда, инчунин бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар шаҳри Минск мулоқот намуда, дар бобати дастовардҳои Ҳукумати кишвар, ҳуқуқи инсон  маълумот дод. 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»