Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва заминаи устувори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 — 2021 — ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ин иқдоми нек барои рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи боэътимод фароҳам овард. Дар ин раванд дар деҳот соҳаи оҳангарӣ, ки қариб аз байн рафта буд, эҳё ва корхонаҳои оҳангарӣ бунёд гардиданд.
Дар ноҳияи Ванҷ, ки аз қадим макони истеҳсол ва истихроҷи оҳан маҳсуб меёфт, аз нав коргоҳҳои оҳангарӣ ба фаъолият пардохтанд. Имрӯз дар ҳар деҳа устоҳои оҳангар сокинонро бо асбобҳои рӯзгор таъмин менамоянд.
Мегӯянд, устои оҳангар бо номи Кунҷум аз деҳаи Чихох оҳансангро аз дараи Техарв оварда, дар кӯраи оҳангариаш коркард карда, асбобҳои рӯзгор месохтааст.
Усто Кунҷум тамоми манотиқи Дарвозу Ванҷро гашта, оҳансангро ҷамъ ва дар кӯраи оташ об карда, аз он ҳар гуна маснуот месохтааст, ки холис ва устувор аст. Ин оҳансангро бе иловаи намуди дигари оҳан тайёр карда, асбоб месохтанд. Ҳол он ки ба оҳансанги дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳатман унсурҳои арзиз (алюминий) ва хромро якҷо карда, баъдан оҳани холис ҳосил мекарданд. Мушоҳида намудем, ки барои тайёр кардани шамшер ин оҳансангро даҳ маротиба коркард менамоянд. Барои коркарди ин оҳансанг дар он давра дар кӯраи оташдон лахчаи арчаро истифода мебурданд. Ба воситаи лахчаи арча оҳансанг тез коркард ва пухта гардида, сифати оҳан аъло мегардад. Ҳатто, ин оҳансангро пухта тайёр карда, ба мири Дарвоз мебурданд. Азбаски оҳани аз ҳама сахт ба пӯлоди асил шабоҳат дошту дорои арзиши баланд буд, оҳангарони номӣ аз дигар минтақаҳо омада, ба ивази молу маҳсулоти ниёзи мардум онро харидорӣ намуда, гирифта мебурданд.
Бояд гуфт, ки минтақаи Ванҷ мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои шарқӣ ва Помирро дар тамоми давраҳои таърихи асрҳои миёна, то чоряки аввали асри ХХ бо оҳан таъмин мекард. Оҳани онро то Қӯқанду Қошғар мебурданд. «Оҳани Ванҷ, — навиштааст Б. Л. Громбчевский, — дар Осиёи Миёна ва берун аз он шуҳрати баланд дорад. Савдогарон аз бекигариҳои Бухорои Шарқӣ ва дигар мулку давлатҳои ҳамҷавору дур барои оҳан ба Ванҷ меомаданд. Гарчанде дар худи Ванҷ устоҳои оҳангар кам набуданд, вале маҳсулоти хубро бо нархи баланд барои устоҳои номдори Қалъаихумб ва дигар марказҳои калони ҳунармандӣ мебурданд».
Дар ноҳияи Ванҷ аз қадим боз оҳангарӣ хеле ривоҷ ёфта, маҳсулоти оҳании ҳунармандони ин диёр дар мустаҳкамӣ ва хушсифатиаш ҳамто надошт. Оҳангарони техарвӣ, аз ҷумла бобои усто Зокири Давлатшо, маҳсулоти зиёди рӯзгордорӣ, аз қабили дос, каланд, корд, теғи сартарошӣ, ханҷар ё дудама, ошбур, табартеша, каноҷ, зоғнӯл, занҷир, дар, чармбур, каҷик, оҳани лаҷом, узангӣ, наъли асп ва боз даҳҳо асбобу ускунаи зарурии хоҷагидориро месохту мардумро таъмин мекард.
Олимону сайёҳони тоинқилобӣ ва солҳои аввали баъд аз инқилоби рус доир ба заҳмати истеҳсолкунандагони оҳан дар ноҳияи Ванҷ маълумоти зиёд додаанд, ки дар асоси онҳо ин шуғли ниҳоят зарурии бобоиро нисбатан возеҳ қаламдод намудан мумкин аст. Ба мушоҳидаи олимони таъриху мардумшиносӣ, истеҳсоли оҳан яке аз шуғлҳои асосии сокинони Ванҷ ва соҳаи сердаромади таъминкунандаи зиндагии мардум ба ҳисоб мерафт.
Бобои усто Зокир бо ҳамроҳонаш ба домони кӯҳи Техарв рафта, бо олоти махсуси тайёркардааш сангро мебуриданду пуштора ба коргаҳ оварда, онро дар кӯраи оташдон гудохта, оҳан истеҳсол менамуданд.
Ҳафт пушти усто Зокир оҳангаранд ва корхонаи оҳангарии дар деҳаашон сохташуда побарҷост. Ҳоло ҳамноми устои оҳангар — Зокир бо фарзандонаш дар коргоҳи оҳангарии авлодиаш ба истеҳсоли асбобҳои гуногуни рӯзгордорӣ машғул буда, аз ҳисоби он зиндагии хешро пеш мебарад. Аз субҳи содиқ то бевақтии шаб садои путки Зокир Давлатшоев бо як оҳанги ба худ хос садо медиҳад. Ба яке барои рӯзгораш тешаю табар, ба дигаре досу каланд ва зоғнӯл, ба сеюмӣ путки оҳанию наъли асп тайёр мекунад. Азбаски маҳсули дастранҷаш хеле сифати баланд дорад, мизоҷонаш аз доираи Ванҷ берун низ пайдо шуданд. Дастранҷи ин оҳангари бомаҳорат дар рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон пешкаши ҳамагон гардид ва ба маҳсули дастони пурэъҷозаш баҳои баланд доданд.
Ҳоло устои оҳангар мизоҷони зиёд аз ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон, Ишкошим, водии Рашт, Қаротегин ва вилоятҳои Суғду Хатлон дорад, ки мавсими баҳору тирамоҳ ба деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ назди усто Зокир омада, асбобҳои рӯзгорашонро фармоиш медиҳанд. Усто дар рӯ ба рӯи коргоҳаш барои меҳмонони дуру наздик суфаҳои алоҳида сохтааст, ки то омода шудани асбобҳои дилхоҳашон истироҳат кунанд.
- Ман аз он шодам, ки касби авлодиамро аз насл ба насл чун занҷир пайваст мекунам. Аз нуҳсолагӣ ҳамроҳи падарам дар ин коргоҳ фаъолият дорам ва мардум касбамро қадр мекунанд. Писаронам касби маро аз худ кардаанд ва аз ин давлати бузургтаре бароям вуҷуд надорад, эҳтиромам аз ин коргоҳи оҳангарист, ман бо он фахр дорам, — мегӯяд мавсуф.
Гарчанде дар ноҳияи Ванҷ устоҳои оҳангар кам нестанд, вале тамоми устоҳои номдори ин диёр аз авлоди устои оҳангари Зокири Дуршерӣ дуо мегиранд, зеро усто Зокир пири оҳангарони ин минтақа маҳсуб меёбад.
Як замон пешаи оҳангарӣ коҳиш ёфта, аз байн рафта буд ва коргоҳҳои оҳангарӣ ба миқдори кам асбоби рӯзгор тайёр мекарданд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон устоҳои оҳангар боз пурра ба фаъолият оғоз карданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»