Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзо Х.Ф.

№9 (4749) 17.01.2024

аз 16 январи соли 2024, №9, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзо Хуршед Файзуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН