Барои шароити беҳтари таълиму тарбия

№9 (4749) 17.01.2024

Facebook_creation_24092267Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Панҷосиёби деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таълимии №14 барои 480 хонанда бунёд ёфт.

Тавре директори муассисаи мазкур Сайфулло Тағоев изҳор дошт, он 4 январи соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони расмӣ ба истифода дода шуд.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонки исломии рушд дар шафати муассисаи таълимӣ бо харҷи 5 миллиону 614 ҳазор сомонӣ бунёд гардид ва пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Махсус» мебошад. Бино дуошёна буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла хонаи омӯзгорон, кабинетҳои фаннии химия, физика ва биология, иборат аст, ки дар он дар як баст 240 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад.

Айни замон дар муассисаи таълимӣ 847 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 52 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»