Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сармояи инсониро омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки баҳри маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон, дастур доданд, ки дар бобати омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос чораандешӣ гардад.
Дар доираи ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи шурои соҳибкорию сармоягузории назди раиси вилояти Суғд дар мавзуи “Ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва тандурустӣ” доир гардид. Аз ҷониби аъзои шуро қайд гардид, ки ҳамасола аҳолии вилоят афзуда, дар ин раванд зарурати сохтмони биноҳои нави боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба миён омадааст. Тибқи ҳисоби пешакӣ, барои сохтмони як бинои муассисаи таълимӣ тақрибан 10 миллион сомонӣ сарф шуда, буҷети давлатӣ барои нигоҳдории солонаи муассиса (маблағгузории сарикасӣ- як нафар 1584 сомонӣ) ва барои нигоҳдории боғчаи бачагона (маблағгузории сарикасӣ- як нафар 2132 сомонӣ) масраф мешавад.
Алҳол дар вилоят 33 муассисаи таълимии хусусӣ бо фарогирии 13524 нафар ва 60 боғчаи бачагонаи хусусӣ бо фарогирии 5989 нафар фаъолият дошта, дар ин замина ҳамасола 34,2 миллион сомонӣ сарбории буҷет кам мешавад.
Мутобиқи маълумоти раёсати маорифи вилоят, барои фарогирии пурраи кӯдакон аз рӯи меъёр иловатан сохтмони 19 мактаби нав, ба итмом расонидани сохтмони 13 мактаби сохтмонашон нотамом ва дар назди 17 мактаб сохта ба истифода додани биноҳои иловагӣ зарур мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят шумораи кӯдакони аз 1,5 то 6- сола беш аз 281 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 16 дарсади кӯдакон дар боғчаҳои бачагона таълиму тарбия мегиранд.
Аз ҷониби соҳибкорон пешниҳод карда шуд, ки баҳри сарфа кардани маблағҳои буҷетӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва боғчаҳои бачагонаи хусусӣ ин гуна муассисаҳо аз андозҳо (ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеъӣ ва андози суғуртаи иҷтимоӣ) озод ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амаликунандаи вобаста ба ин соҳа имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ карда шавад.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»