Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Самад Зафар Тағой бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№695