Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод намудани Шарифзода Л.Ш.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифзода Лутфия Шариф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№732