Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№738
МУМИНЗОД Абдулмаҷид Мубин
аз 24 июли соли 2019 дар вазифаи Сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Соли таваллуд 07 майи соли 1979 Ҷои таваллуд ноҳияи Вахш
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст
Донишҷӯи соли охири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ихтисос иқтисодчӣ менеҷер
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2003 | Муҳосиби корхонаи масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир» |
Солҳои 2003-2006 | Мутахассиси пешбар, сармутахассиси Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2011 | Сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2011-2014 | Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2016 | Сардори шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2016-2019 | Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
аз июли соли 2019 то 30 январи соли 2024 |
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |