Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Даврон Ҷурахон ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№737
Сафарзода Даврон Ҷурахон
аз августи соли 2020 дар вазифаи ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Соли таваллуд 6 ноябри соли 1982 Ҷойи таваллуд шаҳри Кӯлоб
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 2006 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ
Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аз 04.09.2020, №2050
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2006- | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб |
Солҳои 2006-2010- | Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб |
Солҳои 2010-2012- | И.в. ҷонишини декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб |
Соли 2012 (11-12)- | Мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб |
Солҳои 2012-2013- | И.в. сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб |
Солҳои 2013-2017- | Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб |
Солҳои 2017-2019- | Сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2020- | Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Соли 2020-(05-08)- | Сардори раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз августи соли 2020 то 30 январи соли 2024 |
Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |