Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№742
САЛОМЗОДА Сиҷоуддин
Аз 11 январи соли 2023 дар вазифаи Муовини Раиси шаҳри Душанбе кор мекард.
Соли таваллуд 2 июни соли 1965 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1989 Донишкадаи политехникии Тошкентро хатм кардааст
Ихтисос муҳандиси кӯҳӣ, геофизик
Рутбаи тахассусӣ мушовири давлатии ҶТ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2009 Ордени «Шараф дараҷаи 2»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1981-1982 |
Коргари совхози «ХII партсъезд», ноҳияи Данғара |
Солҳои 1982-1983 |
Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тошкент |
Солҳои 1983-1985 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС |
Солҳои 1986-1989 |
Давоми таҳсил дар Донишкадаи политехникии Тошкент |
Солҳои 1989-1994 |
Геофизик-оператор, сардори отряди сейсмологӣ, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷоникидзеобод |
Солҳои 1994-1995 |
Сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб |
Солҳои 1995-2003 |
Таъминотчӣ, сардори сехи электрикии конструксияи оҳану бетонии № 8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд |
Солҳои 2003-2004 |
Нозири кӯҳӣ-техникии Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2006 |
Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НОБ-и Роғун, шаҳри Роғун |
Солҳои 2006-2011 |
Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2011-2013 |
Котиби Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун»» |
Солҳои 2013-2015 |
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Соли 2015-2018 |
Раиси шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2018-2020 |
Раиси шаҳри Исфара |
01-03 соли 2020 |
И.в. Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон |
Солҳои 2020-2023 |
Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон |
аз январи соли 2023 |
Муовини раиси шаҳри Душанбе |