Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№740
МУМИНЗОДА Мастура Табарӣ
аз 13 августи соли 2019 дар мансаби Муовини Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон кор мекард.
Соли таваллуд 13 декабри 1974 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот Олӣ
Соли 1998 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст
Ихтисос иқтисодчӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1993-1996 - | Муҳосиби корхонаи фаръии «Адолат» ширкати «Тавҳид»-и ноҳияи Данғара |
Солҳои 1996-1998 - | Муҳосиби литсеи агросаноатии Ю. Акинои ноҳияи Данғара |
Солҳои 1998-2003 - | Мутахассиси шӯъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара |
Солҳои 2003-2011 - | Мудири бахши умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара |
Солҳои 2011-2017 | Мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара |
Солҳои 2017-2018 | Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара |
Солҳои 2018-2019 | Муваққатан бекор |
аз августи соли 2019 то 30 январи соли 2024 |
Муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон |