Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин намудани Амирзода С.Р.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№743

АМИРЗОДА Сайвалӣ Раҳмоналӣ

7аз 27 ноябри соли 2018 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод  кор мекард.

Соли таваллуд 16 июли соли 1978          Ҷои таваллуд ноҳияи Муъминобод

Миллат   тоҷик                                        Таҳсилот олӣ

Cоли 2000 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ-менеҷер, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995 – 2000 Донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, шаҳри Душанбе

 

01-05 соли 2001 Нозири нозироти андози н.Шоҳмансури ш.Душанбе

 

Солҳои 2001-2004 Нозир, нозири калони шуъбаи фаврии фурудгоҳи нақлиёти ҳавоии Раёсати гумруки шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2004-2005 Нозири департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҶТ

 

Солҳои 2005-2007 Нозири калони шуъбаи гумруки ноҳияи Ҳисори Раёсати Вазорати даромадҳо ва партохтҳои ҶТ дар ш.Турсунзода
Солҳои 2007-2009 Нозири гумруки майдони ҳавоии Раёсати гумруки минтақавии гумруки шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2016 Нозири калони Раёсати танзими тарифҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Соли 2016 (03-08) Сардори дидбонгоҳи гумрукии н.Данғараи Раёсати гумруки в.Хатлон
Солҳои 2016-2017

 

Дар захираи кадрии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Солҳои 2017-2018

 

Сарнозири дидбонгоҳи назорати гумруки мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
аз ноябри соли 2018
то 30 январи соли 2024
Муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод