31-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода иттилоъ дод, ки донишгоҳ мутахассисони рақобатпазири соҳаи иқтисодиро аз рӯи 36 ихтисоси бакалавр, 10 магистратура, 14 ихтисоси барномаи PhD ва 6 ихтисоси таҳсилоти дуюми олии касбӣ тайёр менамояд.
Бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли гузашта 4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуда, қисми алоҳидаи дарсҳо бо донишгоҳҳои дохил ва хориҷи мамлакат маҷозӣ гузаронда мешавад.
Иброз гардид, ки дар донишгоҳ татбиқи амалии «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2027» роҳандозӣ шуда, бо ин мақсад насби неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 5040 Вт оғоз гаштааст. Неругоҳ аз 9 панели монокристалии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадоме 560 Вт бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 5 кВт. соат неруи барқ дар як шабонарӯз иборат мебошад. Неругоҳ дар доираи ҳамкории донишгоҳ бо ширкати ватании «ТГЭМ» сохта шуда, ҳоло дар даромадгоҳи асосии муассиса корҳои насбу васли таҷҳизоти неругоҳ идома дорад ва рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ мекунад.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»