Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов изҳор дошт, ки соли 2023 ба агентӣ 5773 (дар соли 2022 — 5739) мавод, аз ҷумла 580 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
То 1-уми январи соли 2024 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21949 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18180 нафар (82,8 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3769 адад (17,1 фоиз) мебошад. Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, 4569 нафар ё 25,1 фоизро ташкил дода, ҷалби онҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»