Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки аз ҷониби агентӣ соли сипаришуда аз муомилоти ғайриқонунӣ 495 килою 97 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 25 килою 433 грамм (4,9 фоиз) кам мебошад. Гарчанде соли гузашта ҳаҷми маводи нашъаовар аз ҷониби агентӣ 4,9 фоиз коҳиш ёфта бошад ҳам, вале мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар доранд, 380 фоиз ва афюн 37,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
- Соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, дар маҷмӯъ, 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 699 ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад. Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаю 282 килою 814 грамм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 291 килою 638 грамм (5,8 фоиз) зиёд мебошад, — иброз намуд Самад Зафар.
Зикр гардид, ки то 1-уми январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 4160 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 221 нафар (5 фоиз) коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии нашъамандон як нафар 17-сола, 238 нафар ҷавонони аз 18 то 34-сола, 3113 нафар шахси аз 35 то 59-сола ва як нафар шахси аз 60-сола боло мебошанд. Миёни беморони нашъаманд 107 нафарашон зан мебошанд, ки ин шумора нисбат ба соли қаблӣ 6 нафар зиёд аст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 41,6 бемори нашъаманд рост меояд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»