Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ба хатари бузург табдил ёфтааст, ки барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
То ҳанӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба вазъияти имрӯзаи ҷаҳон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Солҳои охир ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Он асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Ифротгаро шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дар сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама, расидан ба ҳадафҳои муғризона аст.
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт пайваста тадбирандешӣ менамояд. Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти омилҳои мазкур ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи онҳо сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф мегардонад.
Дар моддаҳои 6 ва 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва манъ будани ғасби сохтори давлатӣ қайд гардидаанд. Дар баробари ин, соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул гардид, ки дар он низ мақсади қабули қонун, мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди экстремизм дарҷ гардидааст.
Мо, шаҳрвандон, бо пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намуда, барои ҳифзи якпорчагии Ватани биҳиштосоямон ҳамеша омода бошем.
Ҳ. Раҳмоналӣ,
«Садои мардум»