Ярмарка дар арафаи иди Қурбон
ДУШАНБЕ. (Ш. САИДОВ) Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ифтихори иди саиди Қурбон бо ҷалби иқтидори Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», рӯзҳои 3-4 октябри соли 2014 дар тамоми бозорҳои дар шаҳри Душанбе фаъолияткунанда ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ташкил карда мешавад. Дар иртибот ба ташкили ярмаркаҳо, зимни баргузории ҷаласаи ихтисосӣ ба масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт дастур дода шуд, ки назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ, беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои шаҳр тақвият бахшанд.
Маҳсулоти ғизоӣ бо нархи арзон
ҚӯРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОН, «Садои мардум») Бо иқдом ва дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди шарифи Қурбон дар назди бозорҳои «Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳр фурӯши маҳсулоти ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла як халта орди 50 килограммаи навъи якум бо арзиши 127 сомонӣ ва навъи дуюм бо қимати 110 сомонӣ пешкаши харидорон гардид. Харидорон аз ин бозорҳо биринҷ, шакар, равған ва дигар маҳсулоти ғизоиро низ бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намуданд. Дар чанде аз дигар ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилоят низ ба муносибати иди шарифи Қурбон чунин амали хайр ба ҷо оварда шуд.
Ихтиёриён ба хизмат омодаанд
ВАҲДАТ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Баъд аз интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аввалин шуда, 70 нафар ихтиёриён ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат омаданд. Дар ин ҷо бо ширкати масъулону волидон ва ҷавонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси комиссияи даъват, муовини раиси шаҳр Абдувосеъ Ятимов ва собиқадорону падару модарон дар ин ҷамъомад суханронӣ карда, ҷавононро табрик ва ба хизмати содиқонаю софдилонаи Ватан ҳидоят намуданд. Сипас, барномаи консертии санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр пешкаши ҳозирин гардид.
Ҳашар барои ободии роҳ
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум») Соли равон сокинони ноҳияи Ғончӣ ба нақша гирифтаанд, ки 401 километр роҳҳоро таъмир, тахту ҳамвор ва шағалпӯш кунанд.
-Аз роҳи секилометрае, ки деҳаи Далёни Болоро бо Далёни Поён мепайвандад, — гуфт корманди масъули дастгоҳи раиси ноҳия Эгамназари Соҳибназар,- сокинони деҳоти «Обиборик», «Қалъачаи Араб» ва «Навобод»-и ноҳия ва як қатор деҳоти шаҳри Истаравшан истифода мебаранд. Бинобар ин, сокинони ин мавзеъ тасмим гирифтаанд, ки тариқи ҳашар ва маблағгузории аҳолӣ ин роҳро обод намоянд. Бо ин мақсад сокинон техникаю воситаҳои дигари шахсию ҷамъиятиро сафарбар карда, ба тахту ҳамвор ва шағалпӯшнамоии роҳҳо оғоз намуданд.
Вохӯрӣ бо соҳибкорон
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ватанӣ, ки баргузории он миёнаҳои моҳи октябри соли 2014 дар назар аст, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти соҳибкорони ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода бо намояндагони як қатор вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар мулоқот мушкилиҳои андозу андозсупорӣ, қонунвайронкуниҳои баъзе аз корхонаю муассиса ва ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Минтақаҳои нави маъмурии милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ
РӮДАКӢ.(Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар маросими кушодашавии се бинои нави хизматӣ барои нозирони минтақавии ШВКД-1-и ноҳияи Рӯдакӣ раиси ноҳия Тағозода Саидмурод Иброҳим ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазони Ҳамро ширкат намуданд. Аз ҷумла минтақаи хизматии №13-и милитсия, ки соҳиби бинои наву замонавӣ гардид, барои хизматрасонии 16 ҳазор аҳолии деҳоти «Султонобод» пешбинӣ шудааст.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар маросими кушодашавии нуқтаи такягоҳии тартиботи ҷамъиятии №2- и «Чоргултеппа» низ иштирок намуданд. Нуқтаи мазкур бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Эмерҷенс-груп» сохта шудааст ва он аз се ҳуҷраи корӣ барои нозирони минтақавии милитсия, як маҷлисгоҳ, як ҳуҷраи корӣ барои ситоди «Дружиначиёни ихтиёрӣ» иборат аст.
Ҷамъоварии пахта суръат мегирад
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Пахтакорони навоҳии минтақаи Кӯлоб уҳдадор шудаанд, ки аз майдони 28508 гектар пахта 71557 тонна ҳосил бардоранд. Ҳоло маъракаи пахтачинӣ дар авҷ аст. Ҳосили то имрӯз ҷамъовардаи кишоварзон 29084 тоннаро ташкил менамояд, ки ин баробари 40,6 фоизи иҷрои нақша аст. Рафти маъракаи ҳосилғундорӣ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара хуб аст. Пахтакорони ноҳияҳои номбурда рӯзе аз 2,2 то 3,7 фоиз ҳосил ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Алҳол миёни пахтакорони минтақа деҳқонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешсафанд.
Маҳфил дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ.(Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, « Садои мардум») Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили бошукӯҳи мавлавихонӣ доир гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Камол Насрулло оғоз карданд. Сипас шоирон Гулназар ва Абдуқодири Раҳим дар бораи ҳаёту эҷодиёти ибратбахши Мавлои Румӣ сухан ронданд. Сарояндагони хушовоз Парда Қосим, Фурқати Саид, Қурбоналӣ Раҳмон ва дигарон маҳфили адабиро боз ҳам хотирмон сохтанд. Дар ҷамъомад мавлавихонон аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор ширкат доштанд.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.