Дидорбинӣ бо муҳофизони Ватан дар ноҳияи Ёвон

№25 (4765) 23.02.2024

WhatsApp Image 2024-02-21 at 10.45.51 (1)Дар арафаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дидорбинии падару модарон, роҳбарони идораю ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа бо афсарону сарбозони қисми низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Зимни дидорбинӣ раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ якҷо бо падару модарон бо шароити хизмат ва зиндагии сарбозону афсарони қисми низомӣ шинос гардида, бо онҳо суҳбати самимона анҷом доданд.

Раиси ноҳия дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоятгарони Ватанро шодбош гуфта, зикр кард, ки хизмат ба миллату Ватан ва ҳифзи осудагию амнияти кишвар барои ҳар як ҷавонмард ифтихору шараф мебошад. Чанде аз падару модарон дар ҳаққи фарзандоне, ки имрӯзҳо дар ҳифзи суботу оромии Ватани маҳбубамон мардонагию далерӣ нишон медиҳанд, дуои нек карданд.

Ҳамзамон, ба сарбозону афсарон туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон супорида шуд ва барномаи рангини фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия пешкаш гардид.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»