Наврӯз дар масири таърих

№36 (4776) 20.03.2024

Фаррух ФайзуллозодаНаврӯз, агарчи ҳамасола меояд, на танҳо куҳна намешавад, балки ҳар сол азизтар аз соли пеш бозмегардад.

Аз замоне ки аҷдоди мо худро шинохт, ду ҷашн барояш муҳим буд: аввал иди офариниш дар аввалҳои фасли поиз — Меҳргон ва иди растохезе, ки дар оғози баҳор баргузор мешавад — Наврӯз. Мардум ақида доштанд, ки сарнавишти инсон ва ҷаҳон барои соли оянда дар Наврӯз таъйин мешавад. Дар ин рӯз некбахтиҳо барои мардум тақсим мегардад, аз ин рӯ, ин рӯзро ниёкони мо рӯзи умед низ номиданд.

Пеш аз фарорасии Наврӯз дар поёни сол маросиме доштанд бо номи Сурӣ, ки ҷашни оташ низ меномиданд.

Наврӯз дар Авасто зикр намешавад, зеро он ҷашни миллӣ маҳсуб меёбад ва Авасто китоби динист ва ҷашнҳои хоси худашро дорад. Баъд аз гузашти замон дини зардуштӣ ­ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад.

Дар гузашта ин ҷашн як моҳ тӯл мекашид ва имрӯз дар мамлакатҳои ҳамзабон то сенздаҳ рӯз идома меёбад.

Рӯзи нахустини Фарвардинмоҳ Нав­рӯзи омма ё Наврӯзи хурд ё сағир хонда мешуд. Панҷ рӯзи аввали Фарвардин ҷашни Наврӯз хусусияти ҳамагонӣ дошта ва рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ, ки Хурдодрӯз будааст, Наврӯзи бузург фаро мерасид. Ин рӯз дар аҳди Сосониён аз нақши хосе бархӯрдор буд. Баъд аз пазириши Ислом Наврӯзи бузург аз байн рафт.

Дар гузашта расме буд дар айёми иди Наврӯз барои хушҳолии умумӣ фардеро аз миёни мардум ба унвони мири Наврӯз интихоб мекарданд ва барои чанд рӯз зимоми корҳоро ба уҳдаи ӯ месупориданд. Пас аз гузашти айёми ҷашн салтанати ӯ низ ба поён мерасид ва возеҳ буд, ки ҷуз ханда ва хушҳолӣ манзури дигаре дар байн набуд.

Яке аз оинҳои дигари пеш аз Наврӯз парвардани сабза буд. Бино ба ривоят 25 рӯз пеш аз иди Наврӯз навъе аз донаи гандум, ҷав, биринҷ, лӯбиё, арзан, нахӯд, мош ва ғайраро дар кӯзаҳои махсус мекоштанд ва хубию камбуди ҳосили онҳоро дар соле, ки дар пеш буд, аз чигунагии сабзиши ин донаҳо пешбинӣ мекарданд.

Расми кӯзашиканӣ бинобар ин эътиқод буд, ки зарфҳои сафолини ҳар хонавода дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз нав гардад.

Ниёкони мо ба ин андеша буданд, ки айёми Наврӯз рӯҳи гузаштагон аз ҷойгоҳи осмонии худ ба замин, ба хонаҳои хешовандони худ бозмегарданд. Бозмондагон барои хӯшии ҳар чӣ бештари рӯҳи гузаштагони худ хони наврӯзӣ бо ҳафт ғизои оғози ҳарфи ҳар калимааш бо шин меоростанд: шаҳду ширу шаробу шакару шамъу шамшоду шоя (мева). Интихоби рақами ҳафт ба далели муқаддас будани он аст, мисли ҳафт кавокиб, ҳафт табақа, ҳафт осмон, ҳафт пушт ва ғайра.

Ба далели боварҳои исломӣ сирка ҷои шароби нобро гирифта ва ҳафт шин ба ҳафт син табдил шуда: сир, себ, сабза, санҷид, сирка, сунбул, сипанд. Аммо назари дигарест, ки ба ҳақиқати суннати наврӯзӣ наздик аст. Дар оини наврӯзӣ барои чидани хони наврӯзӣ аз зарфҳои мунаққаши бисёр нафисе, ки аз Чин оварда шуда буд, истифода мекарданд ва онҳоро ба адади ҳафт амшоспанд (фаришта) (Баҳманамшоспанд, Шаҳриварамшоспанд, Сипандурмузамшоспанд, Хурдодамшоспанд, Урдубиҳиштамшоспанд ва Мурдодамшоспанд ҳамроҳ бо Аҳурамаздо) бар сари хонҳои наврӯзӣ мегузоштанд, аз ин рӯ, хони наврӯзӣ бо номи ҳафт чинӣ ё ҳафт қоб ном гирифта буд ва баъд ба сурати ҳафт шин даромадааст.

Бунёди ин ҷашнро ба Ҷамшеди пешдодӣ робита медиҳанд, ки дар таърих бо номи ҷашни Наврӯзи ҷамшедӣ низ маъруф будааст.

Гарчи иттилои дақиқе аз Наврӯзи давраи Каёниён нест, аммо дар ин ки оини ин ҷашн дар рӯзгори онон риоя мешудааст, тардиде вуҷуд надорад:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Ориён

Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хоб.

Дар аҳди Ҳахоманишиён Наврӯз бо шукӯҳи хосе барпо мешуд. Он замон шоҳ Наврӯзро дар Тахти Ҷамшед барпо медошт ва тадбирҳои дахлдор дар Тахти Ҷамшед барои бузургдошти ин ҷашн андешида мешуд. Тавре ки аз катибаҳои даврони ­Ҳахоманишиён бармеояд, замони оғози соли нав замони мушаххас ва дақиқе надошта, балки тағйир меёфтааст. Бино ба ахбори ин катибаҳо, замони оғози соли нав аз 21 Исфандмоҳ (12 март) то 9 Урдубиҳишт (29 апрел) дар гардиш будааст.

Наврӯз дар замони Дориюши бузург дар Миср роиҷ гардид, инчунин, бархе усули гоҳшумории мисриёнро Ҳахоманишиён иқтибос карданд.

Бо пайдо кардани осори бос­тонии аҳди Ашконӣ маълум гардид, ки Наврӯз дар даврони шоҳаншоҳии онон бештар аз ҷониби мардум ҷашн гирифта мешуд. Бояд гуфт, ки пас аз замони ҳукумати селевкиҳо ҳарчанд ки Ашкониён аз ақвоми ориёӣ ва зардуштимазҳаб буданд, вале тасаллути 80-солаи юнониён дар онҳо асар карда, дар хусуси одобу русуми аҷдодӣ бетараф буданд. Аммо дар охири давраи ҳукмронии 486-солаи онҳо дубора ба суннату анъаноти аҷдоди хеш баргаштанд.

Дар даврони Сосониён Наврӯз ҷашни миллӣ ба шумор мерафт. Ҳатто мардуме, ки пайрави оини зардуштӣ набуданд, мисли оромиён, арманиён, гурҷиён, аммо дар ҳавзаи ҳукумати Сосониён зиндагӣ доштанд, низ дар он ширкат мекарданд. Мисли замони Ҳахоманишиён дар ин аҳд низ панҷ рӯзи аввали Фарвардин ҷашни Наврӯз моҳияти ҳамагонӣ дошт ва онро Нав­рӯзи омма ва ё Наврӯзи кучак номидаанд. Наврӯзи бузург ё Хурдодрӯз, ки шашумин рӯзи Фарвардинмоҳ аст, назди Сосониён бисёр муҳим буд. Ба ин рӯз бисёр ҳодисаҳоро иртибот медиҳанд, мисли зода шудани Зардушт ва ба пайғамбарӣ баргузидани ӯ, вуқӯи растохез. Дар тақвимҳои суғдӣ ва хоразмӣ рӯзи таваллуди Сиёвуш рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ аст ва бо ин сол оғоз мешуд.

Баъд аз густариши Ислом дар сарзамини Хуросону Варорӯд аз ҷалоли ҷашни Наврӯз коста мешавад. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ба ҳангоми тавсифи ҷуғрофиёии деҳи Варахша, ки дар наздикии Бухорост, менависад, ки дар ин деҳ ҳар 15 рӯз бозор доир мешавад. Ва чун бозори охир бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва рӯзи 21 Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд.

Дар миёни ҷашнҳое, ки пас аз Ислом дар қаламрави Хуросони бузург ба далели бетаваҷҷуҳии ҳокимон ба фаромӯшӣ супорида шуданд, Наврӯз ҷойгоҳи худро ба унвони ҷашни миллӣ ҳифз намудааст. Далели пойдор мондани Наврӯз дар фарҳанги мо ин пайванди амиқи ин ҷашн бо оинҳои миллати мо, таърихи кишвар ва ҳофизаи фарҳангии мо — тоҷикон аст.

Арабҳо пас аз фатҳи қаламрави Эрон ва Хуросони бузург молиёти сангине барои баргузори ҷашни Наврӯз ва Меҳргон вазъ карданд. Халифаҳои Уммавӣ ва Аббосӣ низ ин равияро идома доданд. Аз баргузории оини наврӯзӣ дар замони Уммавиён мадраке дар даст надорем, аммо дар замони хилофати Аббосиён дар Бағдод аз барафрӯхтани оташ дар рӯзи Наврӯз ва пошидани об ба рӯи роҳгузаронро манъ карданд, вале пас аз нигаронӣ аз эҳтимоли ошӯби мардум фармон пас гирифта шуд. Бо сари қудрат омадани сулолаи Тоҳириён. Саффориён, Сомониён ва Оли Бӯя ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор мешуд. Дар ин давраҳо шоирон бо фаро расидани Наврӯз дар ситоиши он шеър сароиданд ва ба шоҳ фарорасии Наврӯзро шодбош гуфтанд. Байҳақӣ аз шукӯҳи маросими Наврӯз дар дарбори Ғазнавиён навиштааст ва шоирони ин дарбор, чун Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Саъди Салмон, дар ситоиши Наврӯз шеър сурудаанд.

Дар даврони Салҷуқиён ба дастури Ҷалолиддини Маликшоҳ теъдоде аз мунаҷҷимон, аз ҷумла Умари Хайём, барои беҳсозии гоҳшуморӣ ҷалб шуданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар замони вуруди Офтоб ба бурҷи ҳамал қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба тақвими Ҷалолӣ маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар шуд, ки ҳудудан ҳар чор сол як бор (гоҳе ҳар панҷ сол як бор) теъдоди рӯзҳои солро ба ҷои 365 рӯз 366 рӯз дар назар гиранд. Ин гоҳшумор аз соли 392 ҳиҷрӣ /1001-1002 оғоз гирифт.

Дар Ҳинд низ ҷашни Наврӯз пешинаи таърихӣ дар фарҳанги он дорад. Бахусус, аз оғози ҳукумати Бобуриён дар ин сарзамин Наврӯз шукӯҳи ҷашни миллиро ба худ гирифт, ки дар он Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар (1542-1605) нақши муҳим дошт. ҷашни Наврӯз дар солҳои салтанати Ҷаҳонгир (1605-1627) ҳар сол аз ибтидои Фарвардин то ҳаждаҳуми ҷашни Наврӯз ҷашн гирифта мешуд ва рӯзи нуздаҳум бо баргузории ҷашни шараф поён меёфт. Бар асоси асноди таърихӣ, Нурҷаҳон — маликаи ин дарбор аз мунаҷҷимон хост, ки ранги марбут ба солро ба ӯ гӯянд, то деворҳо, пардаҳо, фаршҳо, либоси канизҳо ва ғайраро ба ҳамон ранг тағйир диҳад. Дар дарбори писари Ҷаҳонгир – Шоҳҷаҳон (1628-1658), ки Тоҷмаҳалро сохтааст, баргузории Наврӯз идома ёфт. Аммо дар замони Аврангзеб, ки пас аз Шоҳҷаҳон ба тахт нишаст ва мусалмони мутаассиб буд, ҷашнгирии Наврӯз мутаваққиф шуд.

Ҳамза КАМОЛ,

доктори илмҳои таърих, профессор