То Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди 340 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай беш аз 200 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Саид Шукуров иттилоъ дод, барои бунёди иншооти мазкур беш аз 25 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 250 ҷои корӣ доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуд.
Аз иншооти ҷашнӣ даҳ адад коргоҳу корхонаи саноатӣ буда, аллакай як корхонаи он – корхонаи истеҳсоли қанди сафед ба истифода дода шудааст.
Соли равон корхонаи коркарди орд ва сардхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»