26-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.
Дар бинои Тахти олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.
Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.
Тахти олишаън ҳамчун субъекти низоми байналмилалӣ дар умури ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Саҳми доимии он дар татбиқи принсипҳои сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокирот Попи Рим Франсиск бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Попи Рим табодули туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.
Сипас, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рим Франсиск ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими аксбардорӣ доир шуд.
26-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.
Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ватикан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.
26-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмӯи осорхонаҳоест, ки дар қаламрави давлати Ватикан ҷойгир мебошад. Маҷмаи осорхонаҳо аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд.
Таърихи таъсисёбии Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори осорхонаҳо Папа Юлий II мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар як сол 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз ин осорхонаҳо боздид намуда, бо таъриху фарҳанги давраҳои гуногуни Ватикан шинос мешаванд. Осорхонаи Ватикан аз 54 галерея ё толор иборат буда, калисои Систин охирини онҳост.
Баъди тамошои Осорхонаи Ватикан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
26-уми апрели соли 2024 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президент ва Сарвазири Италия, Попи Рим ва намояндагони воломақоми Созмони озуқа ва кишоварзии СММ мулоқоту музокироти созанда анҷом доданд.
Натиҷаҳои судбахши ин сафар имзои 9 санади муҳими ҳамкорӣ аз рӯи анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Италия, баргузории форуми тиҷоратии ҳар ду кишвар оид ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва имзои ҳуҷҷатҳо оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорони Италия дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Рим — Фюмичино ба номи Леонардо да Винчи меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтироми баланд намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан гусел карданд.
Шоми рӯзи 26-уми апрели соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Рим ба Ватан баргаштанд.