Падари ман

№59-60 (4799-4800) 13.05.2024

DSC07463Падарам Султонов Исо моҳи июли соли 1942, яке аз аввалинҳо шуда аз деҳаамон ба ҷанг рафт. Дар китоби «Роҳи ғалаба», ки роҷеъ ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ навишта шудааст, дар борааш маълумоти зиёд ҳаст. Ман ёд дорам, падарам он солҳои мудҳишро бароям нақл мекард. Мегуфт, ки дар фронти дуюми Белоруссия хизмат кардам. Баъд аз курсҳои кӯтоҳмуддати ҳаштмоҳа бори аввал дар ҳавопаймои ҳарбӣ нишастааст. Ҳамин тавр, то соли 1945 бо ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бар зидди истилогарони фашис­тӣ ҷангидааст.

9 май ҳамеша падарамро ба ноҳияи Кӯшониён, ки мо ҳоло ҳам он ҷо зиндагӣ мекунем, ба паради ҳарбӣ даъват менамуданд. Маро, ки писари калонии оила будам, ҳамеша бо худашон мебурданд.

Падарам ҳамчун шахси ҳарбӣ мӯзаҳои калони ялаққосӣ мепӯшид. Дар сараш кулоҳи ҳарбии қароқулӣ дошт. Марди қоматбаланди зебое буд.

Баъд аз ҷанг дар ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ҳозира ва хоҷагии ҳамонвақтаи ба номи Даврон Нуриддинов сармуҳосиб шуда кор кард. Мо — шаш фарзанд­ро дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва Россия хононда, соҳиби маълумоти олӣ кард. Падарам ба хондани китобҳои бадеӣ шавқи беандоза дошт. «Шоҳнома»-и Фирдавсию ғазалиёти Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ»-и Балхиро азёд медонист. Донандаи хуби хати форсӣ буд.

Дар синни 85 аз дунё гузашт. Пеш аз маргаш дастамро оҳиста дошта гуфт: «Аз мурданам зиқ нашавед. Умри хубу дарозу пурбаракате дидам. Ҳангоми ҷанг орзу мекардам боз якбори дигар ба Ватан баргардаму хоки меҳанро бӯсам. Ба орзуям расидам. Писарам, бародарону хоҳаронатро соҳиб шав…».

9 май, ки Рӯзи Ғалаба бар фашизм аст, хостам бори дигар рӯҳи падарамро шод гардонам. Бигузор, дар баробари дигар иштирокчиёни ин ҷанги шум, ки ҷони худро баҳри ҳимояи меҳан фидо кардаанд, ҷояшон ҳамеша биҳишти абадӣ бошад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

рӯзноманигор