Тозанашр

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — мактаби сиёсии Пешвои миллат»

№59-60 (4799-4800) 13.05.2024

Бо ин ном чанде пеш китоби доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова нашр шуд

Муаллиф ҳамчун таърихнигор мақолаҳои нахус­тинро ба ҷойгоҳи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чун гардиши куллӣ дар кишвар бахшида зикр намудааст, ки ин ҳама пешравиҳо ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошанд. Муҳимтарин сухане, ки иштирокдорони ин иҷлосияи таърихӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон аз забони Сарвари ҷавони кишвар баъд аз интихоб шудан ба ин маснади олӣ шунидаанд, «Ман ба шумо сулҳ меоварам!»,- нидое буд, ки дар дили миллионҳо нафар мардуми кишвар шуълаи умедро ба оянда афрӯхт. Муаллиф ваҳдатофарии Пешвои миллатро махсус ёдовар шудааст. Баъд аз хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшидани раванди ваҳдати миллиро аз вазифаҳои умдаи давлату ҷомеа қарор доданд.

Дар силсиламақолаҳои дигари маҷмӯа, ки ба созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудаанд, низ нақши бунёдгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста таҷассум ёфтааст. Маҳз, тавассути хиради волои Пешвои миллат ин ҳизб ба як неруи бузурги созанда, пешбаранда ва бунёдкор мубаддал гардид. Муаллиф дар мақолаҳои «Муҳимтарин ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2017», «Сохтори ташкилӣ, маром ва мақсади фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва ғайра мавқеи ин ҳизбро дар муттаҳид намудани неруҳои пешбаранда, ваҳдатсозу сулҳовар, дорои масъулияти баланди давлатсозию давлатдорӣ ва ба ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Хулосаи мантиқии муаллиф, роҷеъ ба он ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккабу душвор таъсис ёфт, дар лаҳзаҳои ҳассос ва ҳалкунанда барои миллату давлат ҷиҳати мустаҳкам гардидани ҳокимияти конститутсионӣ рисолати бузург­ро амалӣ намуд, воқеъбинона мебошад.

Рамзист, ки муаллиф силсилаи мақолаҳои дигари маҷмӯаро ба таҳлили масъалаҳои муҳими ҷомеа — боло бурдани сатҳу некуаҳволии мардум, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, рушди иқтисоди мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, боло бурдани сатҳи маънавиёт, густариши илму фарҳанг, арҷгузорӣ ба тамаддуни куҳан, рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи ҷашнҳои бос­тонии миллиамон Наврӯз, Меҳргон, Садаву Тиргон ва аҳамияти онҳо, ки бевосита аз иқдоми наҷибонаи Пешвои миллатамон бармеоянд, бахшидааст.

Дар маҷмӯа, ҳамчунин, мақолаҳо вобаста ба нав­гониҳои солҳои охири пойтахтамон — шаҳри Душанбе, ки ба шаҳри илму фарҳанг, саёҳату фароғат табдил ёфтааст, ҷой дода шудаанд. Дар баробари ин, муаллиф андешаҳояшро оид ба фарҳанги шаҳрнишинӣ иброз намуда, сокинони пойтахтро ба ободу озода нигоҳ доштани муҳити зист даъват менамояд.

Қисми дигари мақолаҳои маҷмӯа ба рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияи нав, тақвияти неруи зеҳнӣ бахшида шудаанд. Муаллиф ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) шоиста ва омили муҳими рушди саноати кишвар маънидод намудааст.

Маҷмӯа барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, муҳаққиқон ва нафароне, ки ба омӯхтани масъалаҳои назарияи таъриху фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва арзишҳои умумимиллӣ рағбат доранд, аз манфиат холӣ нест.

Мирзошоҳрух АСРОРӢ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон