Нимаи дуюми рӯзи шонздаҳуми октябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух дод.
Таваҷҷуҳи зиёд ба дастовардҳои фарҳанги сулҳсозии тоҷикон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартарафсозии мушкилоти асосии кишвар, аз ҷумла мушкилу монеаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамчунин нақши намоёни Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа зоҳир карда шуд.
Тавре зикр гардид, Агентии иттилоотии амрикоии United World агентии иттилоотии мустақили байналмилалӣ буда, дорои нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ аст. Сомонаи интернетии unitedworld-usa.com беш аз 40 миллион хонандаи сабтиномшуда дар тамоми ҷаҳон дорад. Тибқи иттилои ин хабарнигорон, Агентии иттилоотии амрикоии United World аз соли 1991 то ин дам бо доираҳои давлатию хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои қавии ҳамкорӣ дошта, расонаи иттилоотии муътабару муътамад ба шумор меравад.
www.president.tj