Дар робита ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» 10-уми июни соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» форуми байналмилалии парлумонӣ доир мегардад.
Дар он вакилон аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Герсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Зимни баргузории форум тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим ва таҳкими шарикӣ матраҳ мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) аз 33 кумитаи миллӣ, ки дар ҳайати худ вакилони парлумонҳои минтақаҳои Осиё — уқёнуси Ором ва Осиёи Марказиро ба ҳам овардааст, иборат мебошад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»