Фазои идона дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

№73 (4813) 10.06.2024

DSC_8568Як ҳафта мешавад, ки Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фазои идона дорад. Вакилони парлумонҳои як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманис­тон, Ӯзбекистон, Малайзия, Беларус, Австрия, Македонияи шимолӣ ва намояндагони Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), вориди шаҳри Душанбе — пойтахти кишвари ташаббускор оид ба масъалаҳои об гардиданд.

DSC_8477Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» форуми байналмилалии парлумонӣ доир менамояд.

DSC_8331
DSC_8249

DSC_8270

DSC_8552Форум имрӯз, 10 июн, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони воломақоми парламентҳои давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA), Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) баргузор гардида, иштирокчиёни он 11 июни соли 2024 дар қисмати пленарии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва аз маконҳои таърихиву сайёҳии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор боз­дид менамоянд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ