16 июни соли 2024 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири муҳтарами Покистон ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфтанд.
Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ба тамоми мардуми бародари Покистони дӯст сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ хостанд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ҷонибҳоро таъкид намуданд.
Дар ин замина мавзӯи боздиди расмии дарпешистодаи Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.