Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истгоҳҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки албатта, ба намуди зоҳирии шаҳру ноҳияҳо зебогии дигар зам мекунанд. Масалан, дар маҳаллаҳои марказии шаҳри Хоруғ, қад-қади роҳҳои асосии автомобилгард бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва шарикони рушд истгоҳҳои муосир барои мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ бо тарҳу меъёри байналмилалӣ бунёд шуданд.
Инчунин, соли гузашта дар заминаи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025» зиёда аз 20 автобуси муосир ба вилоят ворид гардида, сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳои байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафт. Имрӯз сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир ва фаъолияти хуби автобусҳо бархӯрдоранд. Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он нақлиёти сабуки мусофиркаши ширкатҳои «1111» ва «3333» шабу рӯз дар хизмати мардуманд, ки солҳои пеш чунин шароиту имконият барои сокинон шояд чун афсона менамуд, аммо ҳамаи ин пешравиҳои соҳаи нақлиёт бемуҳобот самараи истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва марҳилаи нави рушди вилоятанд.
Паҳлуи асосии масъала он аст, ки теъдоди зиёди сокинон дигар имкониятҳои соҳа, бахусус, баҳрабардорӣ аз истгоҳҳои нақлиётиро сарфи назар карда, ҳар 15 — 20 метр меистанд. Ин омил ба он оварда мерасонад, ки ҳар субҳ кормандони ин ё он идораву муассисаҳо ба кор ва толибилмону донишҷӯён бошанд, ба дарсҳо дер мекунанд.
Тавре роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшоннақлиёт» Палла Худоиев иброз намуд, ҳоло автобусҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мувофиқи реҷаҳои муайяншуда фаъолият доранд, аммо маданияти истифодабарии истгоҳҳои нақлиётӣ, бахусус дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ, беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.
- Баъзе сокинон ҳатто дар вақти пиёда шудан аз автобус бо ронандагон баҳс мекунанд, яъне ба қавли онҳо ронанда нақлиётро ҳатман дар ҷойе бояд манъ кунад, ки мусофирон ишора менамоянд, вале ин рафтори онҳо на аз лиҳози этикӣ ва на истифодаи мақсадноки нақлиёти ҷамъиятӣ дуруст мебошад, зеро ронандаи автобус ҳақ дорад, ки танҳо дар ҷойи муқарраршудаи самти ҳаракат, бахусус истгоҳҳои нақлиёти мусофиркаш, нақлиётро нигоҳ дорад. Лекин чунин тасмимгирӣ талаботи баъзе мусофирони ҳозираро қонеъ намекунад ва онҳо вақти пиёда шудан, ҳатто барои ним метр дур рафтани нақлиёт бо ронандагон баҳс мекунанд, — афзуд роҳбари КВД «Бадахшоннақлиёт».
Сокини шаҳри Хоруғ Умед Мамадшерзодшоев ҳар рӯз аз назди варзишгоҳи марказӣ то боғи ботаникии шаҳр, яъне ҷойи кори асосиаш, бо автобус меравад. Ӯ мегӯяд, ки ба туфайли соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ҳама гуна нақлиёти мусофиркаш шароиту имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шуд, вале маданияти истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва танзиму низом дар соҳа ҳанӯз аз сокинону масъулин таваҷҷуҳу беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.
Воқеан, мушоҳида мешавад, ки баъзан нақлиёти калонҳаҷми мусофиркаш аз нуқтаи «А» то «Б» бо ду — се нафар мусофир мераваду халос. Ба ибораи дигар, дар хатсайрҳои асосӣ нақлиёти алтернативӣ, яъне «тангемҳо» бисёртар ҳаракат карда, мусофиронро сари ҳар қадам гирифта мераванд. Бинобар ин, интизор шудан дар истгоҳҳо барои дигарон аз аҳамият холӣ аст.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот низ чандин бор дар машварату ҷаласаҳои корӣ доир ба мушкилоти мазкур эродҳои ҷиддӣ гирифт, вале ин масъала ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Дар ин бобат, аз сокинон то масъулон бояд масъулияти бештарро бар дӯш гиранд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»