Баъзан нафаронеро рӯ ба рӯ мешавем, ки мушкили ҷомеаро мушкили худ шумурда, барои бартараф намудани он талош меварзанд, бо амали хайру савоб вайронаеро обод карда, аз худ номи нек ба ёдгор мемонанд.
Чунин нафарони хайрхоҳ дар ноҳияи Файзобод кам нестанд. Гадобегим Исматоваи 96-сола аз зумраи онҳост. Чанде пеш ин бонуи рӯзгордида бо тасмими худ мушкили сокинонро бартараф намуд, ки қобили сутуданӣ ва пайравист.
18-уми майи соли равон дар пайи боришоти зиёд ба деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод сел омада, ду пули мошингузарро пурра валангор намуд. Дар натиҷа, дар рафтуомади мардуми деҳа мушкил пеш омад. Момои Гадобегим, ки дар давоми умри пурбаракати хеш шебу фарози зиёдеро дидааст, тасмим гирифт чил ҳазор сомонии барои рафтани ҳаҷ пасандознамудаашро барои сохтани кӯпрук истифода кунад. Азми худро ба фарзандонаш Давлатбег ва Шарифбег гуфт. Онҳо аз тасмими модар шод гаштанд. Бо маслиҳати модар, ду пули валангоршударо барқарор намуданд, ки сокинони деҳа аз ин кори хайр хурсанд шуданд.
Мардум амали некро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Дар бораи чунин инсонҳо ҳемеша нек мегӯянду дар ҳаққашон дуои хайр мекунанд. Сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод низ момои Гадобегимро ҳамеша ба некӣ ёд хоҳанд кард. Бо ифтихор хоҳанд гуфт: Ин ду пули деҳаро момои Гадобегим барои мардум сохтааст.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод