Ҳадаф як аст: эҳтироми қонун ва итоати бечунучаро ба он
Соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Конститутсия, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, истиқлолияти давлатии моро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард.
Сустшавии пояҳои давлати шуравӣ дар оғози солҳои навадуми асри гузашта боиси соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳо гардид. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии худро эълон намуд, аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳанӯз муайян набуд, ки ҷумҳурии мо кадом шакли идораи давлатро интихоб менамояд. Аз як тараф ин омил, аз тарафи дигар мансабталошию гурӯҳбозӣ, кашмакашиҳои сиёсӣ ва дахолати қувваҳои беруна ҷумҳурии моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Пас аз он ки вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Сарвари давлат интихоб карданд, ин абармарди дунёи сиёсат кори худро аз пойдор намудани сулҳ ва барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ оғоз намуданд. Бо дастури ӯ се гурӯҳи мустақили корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамуданд, ки зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия таклифу пешниҳоди сокинони мамлакат ҳатман ба назар гирифта шавад.
Дар ҳамон замони ҳассос, ки ҳанӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ силоҳбадастон вазъро ноором мекарданд, аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ зиёда аз 8500 таклифу пешниҳод расида буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, зимни яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намуданд: «Қабули қонуни асосии кишвар, ки аслан бо назардошти андешаву пешниҳоди сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».
Тибқи Конститутсия бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳони имрӯза мебошад. Қобили зикр аст, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷомеа эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал мекунанд. Муқаррар гардидааст, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асос ва мутобиқи Конститутсия қабул гарданд ва ба меъёрҳои он мухолифат надошта бошанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста таваҷҷуҳи хоса доранд. 28-уми декабри соли 2023, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Ин аввалин ташаббусе нест, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ мешавад. Бо ин мақсад замони соҳибистиқлолии кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1997) ба тасвиб расид ва ҳамон сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гашт. Дар асоси ин санадҳои муҳими ҳуқуқӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ ва амалӣ гардид. Баъд аз иҷрои муваффақонаи барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ шуд. Ҳоло тамоми бахшҳои марбутаи давлатию ғайридавлатӣ, корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, барои амалӣ намудани ин барнома корҳои зарурӣ анҷом дода истодаанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Сарвари давлат ҳамеша ба эҳтироми қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа талқин мекунанд. Аз ҷумла, 31-уми майи соли 2002, зимни суханронӣ дар машварати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зикр намуданд: «Эҳтироми қонун ва риояи ҳатмии он ҳамчун тафаккури оштинопазир бо қонуншиканӣ бояд ба талаботи рӯзмарраи ҳар як узви ҷомеа мубаддал шавад ва дар дилу шуури ҳар як шаҳрванд ҷой гирад. Барои ин, бояд сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардошта, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад. Падару модарон ва омӯзгорон бояд аз хурдӣ дар ниҳоди фарзандон ва шогирдони худ ин ақидаро ҷой намоянд, ки дар ҷомеаи мо ҳар як шаҳрванд ба ғайр аз ҳуқуқҳо боз дар назди қонун, ҷомеа ва давлат уҳдадориҳо низ дорад, ки иҷрои онҳо ҳатмист».
Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани Пешвои миллат он аст, ки сокинони мамлакат бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва итоати бечунучаро ба он тарбия ёбанд.
Дар маҷмӯъ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат низоми мукаммали ҳуқуқию сиёсӣ ташаккул ёфта, баробарии ҳамаи сокинони кишвар дар назди қонун таъмин гардад.
Парвина Нурзода,
нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе