ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Аз 5 то 10 апрели соли ҷорӣ дар кишвар Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» баргузор мегардад. Ин як навъ ҷашнвораи театрҳои касбии мамлакат аст, ки дар ду сол як маротиба доир мешавад. Имсол дар фестивал 16 театри касбӣ аз пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат меварзанд. Ҳунарпешагон беҳтарин намоишномаҳои хешро, ки дар солҳои истиқлолият рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон ва ҳакамон мегардонанд. Маросими ифтитоҳи ҷашнвораи театрҳои касбӣ дар толори Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир мегардад.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон