ПАНҶАКЕНТ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо иштироки роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута дар деҳоти «Ёрӣ»-и ноҳияи Панҷакент қабули шаҳрвандон бо усули нав — «Равзанаи ягона» доир шуд. Бо усули «Равзанаи ягона» доир ба масъалаҳои гуногуни ҷамъиятиву хусусӣ 176 нафар сокинони деҳоти шаҳри Панҷакент арзу шикоят ва дархостҳояшонро иброз намуданд.
Дар деҳоти «Косатарош» низ бо ин усул қабули шаҳрвандон доир гардид. Ҳамзамон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сокинони деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот орост.