Адиби ҳаҷвнигор шодравон Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ китобҳои ҳикоёти ҳаҷвии «Гап байни худамон» (1986), «Каҷ дору марез» (1991), «Зинда будан кам аст!» (1998), «Арӯс аз Тошканд» (1998), «Дарро задам, девор кафид» (2003), «Аз гаҳвора то ситора» (2014)-ро аз худ мерос мондааст.
Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ва шарикдарсаш Бобоҷон Абдулвоҳидов (равонаш шод бод!), донишҷӯёни хатмкунандаи шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), таҷрибаомӯзиро тобистону тирамоҳи соли 1975 дар шаҳри Тошканд, дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» гузаронданд. Ин ду донишҷӯи ташнаи касбомӯзӣ минбаъд борҳо гуфтаву навиштаанд, ки тӯли таҷрибаомӯзӣ аз кормандони «Овози тоҷик» на танҳо сирру асрори рӯзноманигорӣ, балки як ҷаҳон чизҳои дигари барои рӯзгор муҳимро низ омӯхтаанд.
Дар ҳикояҳои воқеии Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ «Ангур» симои Авнер Исҳоқбоеви «мухбири серҷаҳлу серҷаҳд», дар «Дуранг» чеҳраи Мӯҳсин Умарзодаи «шоҳмотбози мутафаккир», дар «Сабақи ҳаёт» хислатҳои неки Ҳисомиддин Абдувалиеви «муовини котиби масъули серкору ғамхори таҷрибаомӯзон» ва Бекназар Тӯйназарови «аҷали сигор, вале рафиқи раҳи кордон», дар «Воқеаи ҷолиб» саховатмандиҳои Хӯҷамурод Қӯлдошев ва хушгапиҳои Норқул Шукуров дар либоси танзи нозук тасвир шудаанд.
Қаҳрамони ҳикояи воқеии «Арӯс аз Тошканд» Пирӣ тахаллуси ошиқи шайдои нозаниндухтари тошкандӣ, шарикдарси муаллиф, таҷрибаомӯзи душанбегӣ Бобоҷон Абдулвоҳидов аст, ки қиссаҳои талху ширини ошиқии ӯ бо зевари суҳбатҳои дилнишину амалкардҳои ғамхоронаи кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» Ҷонибек Қувноқ, Қамар Шамсиев, Турсунбой Раҳимҷонов ва дигарон ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Пас аз хатми донишгоҳ Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», Телевизиони ҷумҳурӣ, ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба дар нашриётҳои «Маориф» ва «Адиб» ифои вазифа кард.
Бобоҷон Абдулвоҳидов чандин сол дар нашрияҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» (Кӯлоб), «Ҳақиқати Хатлон» (Қӯрғонтеппа) ба ҳайси хабарнигор, мудири шуъба, солҳои 1993-1998 дар вазифаи муовини сармуҳаррир ва солҳои 1998-2008 (то вафоташ), чун сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» фаъолият дошт.
Ҳамакнун мо воқеаҳои қариб ним аср пешинаи дар ҳикояи воқеии «Арӯс аз Тошканд»-и Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ инъикосёфтаро, ки дар китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд». — Душанбе: «ЭР-граф», 2023. — с.194-202, бознашр шудааст, моли таърих медонем ва аз симои аксари шахсиятҳои тасвиршуда ба ҳайси «худораҳматӣ», «шодравон» ёд мекунем. Ёдашон гиромӣ бод!
Қироншоҳ Шарифзода,
муҳаққиқи журналистика
Ман медонистам, ки ишқ чист. Соли дувуми таҳсил ба Мусаллама ном як шарикдарси худ дил баста, ҷабри ошиқиро кашида будам, зеро Мусалламаи паҳлавонҷуссаи тундмиҷози бераҳм аз чӣ бошад, ишқи маро напазируфт ва дар ҷавоби оҳу воҳ ва сӯхтану пухтанҳои ман ҳамеша муштчаҳои сахту сангинашро ба кор меандохт. Ҳатто, боре шавқи ҷабру зулм аз ӯ (хаёлам баъди хондани мактуби дурударзе, ки дар дарси фалсафа ба назм навишта будам) боло гирифт ва маро чунон шаттакорӣ намуд, ки хаёли ишқ аз сарам парид ва чанд рӯз фақат аз сиёсат гап задам…
Бинобар ин, вақте хабар ёфтам, ки шарикдарсам Пирӣ ба як духтари соҳибҷамоли тошкандӣ ошиқ шудааст, дарҳол пурсидам: вазни хоси вай чанд кило аст, ба варзиш, алалхусус ба намуди каратэ, рағбат дорад ё не, оё дар мизоҷаш тундӣ ҳис намешавад. Баъд, албатта, маслиҳат додам: зинҳор, дар пеши маҳбубаи худ оҳу воҳ накунад, ба вай мактубҳои ошиқона нанависад.
Пирии навошиқ аз суолу маслиҳатҳои ман ҳайрон шуд, вале чуну чаро накард. Шояд, он лаҳзаҳо сармасти суханҳои духтари тошкандӣ буду такаллуми тоҷикӣ ба гӯшаш намефорид. Суханҳои сеҳрноки аз маҳбубааш шунидаи Пирии ба забони ӯзбекӣ нобалад чунин буданд: «Йӯлимни тӯсма. Юқол!». Яъне: «Раҳамро набанд. Гум шав!…».
Бояд гуфт, ки Пирӣ зуд ба вартаи ишқ афтод. Ҳеҷ аз ёдам намеравад шабе, ки рӯзи дигараш бояд ба мулоқоти нахустин мерафт. Пирӣ то саҳар ду қуттӣ «Прима» кашид, се бор сар шуст ва дувоздаҳ маротиба маро аз хоби ширин бедор кард, то бубинам, ки мӯйлабашро дуруст қайчӣ задааст ё не? Ба ин сабаб рӯзи дигар ба кор дер мондам. Ҷонибек Қувноқ чашмони суп-сурх ва ғамёзаҳои пай дар пайи маро дида, табассуми асроромезе кард.
- Ҳа, шоир, ошиқ шудӣ-чӣ?
- Ман не, рафиқам ошиқ шудааст, — бо андуҳ хабар додам.
Ҷонибек аз чӣ бошад, як қад парид.
- Пирӣ?
- Ҳа. Имшаб то саҳар бедор буд ӯ. Шиму курта ва дастрӯмолашро се бор дарзмол карда, шаш бор ба мӯяш равған молид ва як шиша атри фаронсавиро ба рӯю танаш пошида, ба мулоқот рафт.
Ҷонибек қаҳқос зада хандиду бори дигар ба рӯйи ман зеҳн монд.
- Чапасар ба хобгоҳ рафта, аз хоб сер шав, шоир. Аҳволат бад.
Воқеан, дар ғаладони миз як даста мактубҳои мухбирони ҷамоатии рӯзнома мехобид, ки ман бояд ба онҳо ҷавоб менавиштам.
- Мактубҳо чӣ мешаванд?
Ҷонибек боз хандид.
- Ба чунин аҳвол ҷавоб навиштан он тараф истад, ҳатто қаламро бардошта наметавонӣ. Хез, шоир, рав. Хоб чизи хуб аст.
Аз идора баромада, аз мағоза оинае харидаму ба хобгоҳ омада, худро ба симкат партофтам.
Намедонам чанд соат хобидам. Як вақт бедор шуда бинам, Пирӣ аз мулоқот баргаштааст ва табассуми асроромезе дар лабу чашм ба шифти ҳуҷра «Прима» дуд медиҳад.
- Хайр, мулоқот чӣ хел гузашт?
- Нағз гузашт,- пасмондаи сигори дасташро ба хокистардон партофта, навашро даргиронд Пирӣ. – Худо хоҳад, пагоҳ ҳам нағз мегузарад.
- Чӣ, боз? – хавотиромез ба ӯ нигаристам.
- Ҳа, — чашм аз шифт наканда, ғурунгид Пирӣ. — Мо акнун ҳар рӯз вомехӯрем.
Ростӣ, аз гапҳои ӯ ҳайрон шудам. Ин чӣ гуна ишқ аст, ки… Охир Мусаллама…барои чӣ таги чашмони Пирӣ сиёҳ нест?. Ё ишқи ӯзбекӣ аз ишқи тоҷикӣ фарқ мекунад?..
Ман бархоста, оинаро ба Пирӣ додам.
- Ин туҳфаи ман ба ту. Садқаи муйлабат шавам, дигар ба хоби ман халал нарасон.
Пирӣ чизе нагуфта, аз оина мӯйлабашро дид ва якбора димоғаш сӯхт, чунки як тарафи он ғафс буду тарафи дигараш борик…
Маош доданд. Ҳамкорон баробари гирифтани он як-як аз идора ғайб заданд. Пойи ману Пирӣ ҳам мехорид, ният доштем ба як тарабхона рафта, муддаои табъ «ташнагӣ» шиканем. Ҳаққи қаламе, ки он рӯз гирифтем, ниҳоят бисёр буд – се баробари идрорпулии донишҷӯӣ. Ин қадар маблағ дар ҷайбат бошаду ду кулча ва миқдоре чойи қоқу қанд харида, ҳушёр ба хобгоҳ равӣ… «Не, айб аст – мегуфтем. — Ғайр аз ин, мо ҳам одам ҳастем, ҳақ дорем, ки баъзан аз нозу неъмат ва лабханди пешхидматҳои нозанини тарабхонаҳои беҳтарин сархуш гардида, калавем».
Як вақт дари ҳуҷра кушода шуду овози Қамар Шамсиев баромад.
- Эъ, шумо ҳоло ҳам дар ҳамин ҷо-ку. Хезед, марш ба «Зарафшон»!
«Зарафшон» номи тарабхона буд. Бинобар ин, ҳадаҳа қаламу қоғази болои мизро ғундоштем.
Дар долон Ҷонибек Қувноқу Турсунбой-ака Раҳимҷонов ба мо ҳамроҳ шуданд. Таҳти мушояати Қамар Шамсиев ба тарабхонаи «Зарафшон» рафта, дар яке аз базмхонаҳои ошёнаи дувум «лангар» партофтем.
Бояд гуфт, ки базми оншаба аз чанд ҷиҳат хотирнишин буд. Аввалан, мо ба мақсад расидем, яъне калавида-калавида ба хобгоҳ рафтем. Сониян, аз ҳикоятҳои ширин ва табассумҳои аз ҳикоятҳояш ҳам ширинтари Турсунбой-ака, латифаҳои обдору рақсҳои пиронаи Қамар Шамсиев ва суханҳои пандомезу шеърҳои дилошӯби Ҷонибек ба шавқ омада, бовар кардем: зиндагӣ, дарвоқеъ ҳам, бисёр аҷиб аст.
Ин базм боз аз он ҷиҳат фаромӯшнопазир буд, ки собит кард: Ҷонибек Қувноқ на фақат шоири бомаҳорат аст, балки дар фолбинӣ ҳам устухон надорад.
Дар хотирам намондааст: ба фолкушоии ӯ чӣ сабаб шуд. Ба хаёлам, Пирӣ ба ҷанбаи воқеӣ доштани кадом як ҳикояти Турсунбой-ака Раҳимҷонов шубҳа карда гуфт: «Афсона, хиради инсон ба чунин дурбинии дақиқ қодир нест»…
Ин дам Ҷонибек қадаҳашро болои миз монда, ба Пирӣ рӯй овард ва гуфт, ки беҳуда мункир мешавад, неруи хиради инсон бузург аст. Ҳатто одамони одӣ метавонанд пешгӯиҳои дақиқ кунанд. Ва инро ҳамон лаҳза собит намуд. Яъне, дасти Пириро ба даст гирифта, муддате ба кафи он зеҳн монду суханҳое гуфт, ки…
- Шумо ошиқ ҳастед. Дили Шуморо як духтари соҳибҷамоли тошкандӣ бурдааст. Ва ҳамин шабу рӯз бисёр тамоку мекашед, куртаю шим дарзмол мекунед ва ба исрофи атри фаронсавӣ роҳ медиҳед. Ё нодуруст мегӯям?
- Намедонам, — аз шарм суп-сурх шуд Пирӣ ва номаълум нигоҳи таҳдидомезе ба ман афканд.
Ҷонибек ба ҳолати вай эътибор надода, аз нав ба кафи дасташ зеҳн монд
- Духтар ишқи Шуморо пазируфтааст, вале падару модараш… Ана, ин хати дарози каҷ шаҳодат медиҳад, ки ба қарибӣ айшатон талх хоҳад шуд. Аз номеҳрубониҳои маҳбубаатон. Вале Шумо ноумед нашавед, давоми хат рост аст. Яъне, ниҳоят, бахт ба рӯятон механдад. Аз Тошканд ба Кӯлоб арӯс мебаред.
Аз ваҷоҳати Пирӣ осори хушҳолӣ эҳсос гардид.
- Офарин! – каф кӯфтанд Қамар Шамсиев ва ба Турсунбой-ака чашмак заданд. – Аз охири фол бӯйи тӯй омад. Боз садта…
- Албатта, барои кушоиши кор… – табассум карданд Турсунбой-ака.
- Ҳатман тӯй мешавад, — хандид Ҷонибек ва ба Шамсиев рӯй овард. — Канӣ, ҳамин гапи мана тасдиқ кунед.
- Ҳозир, — гуфтанд он кас ва тамоку бӯй кашида, пай дар пай дувоздаҳ маротиба атса заданд.
Ҳар боре ки он кас атса мезаданд, мо «Ҳақ асту рост!» мегуфтем. Ниҳоят, шарм аз рӯйи Пирӣ париду баробари мо «Ҳақ асту рост!» гуфта, пешхидмати тарабхонаро ҷеғ зад…
Дар ҳақиқат, баъди чанд моҳ тӯй шуд ва Пирӣ аз Тошканд арӯс овард. Вале ҳоло… марҳилаи асосӣ дар пеш буд — марҳилае, ки мувофиқи фоли Ҷонибек бояд духтари меҳрубони тошкандӣ якбора номеҳрубон мегардиду айши ошиқи бечораи кӯлобӣ талх…
Воқеан, ин марҳила ба зудӣ фаро расид, баъди як ҳафтаи он базми фаромӯшнопазир дар тарабхонаи «Зарафшон».
Як бегоҳ Пирӣ бармаҳал аз мулоқот баргашту бо пойафзоли нокашида дар симкат дароз кашид. Аз табъи хира, оҳу уфҳои вай дар паяш маълум буд, ки мусибат аллакай ба сари ӯ соя андохтааст. Чизи дигар низ баёнгари ҳолати нохуши Пирӣ буд. Ман чизе напурсида бошам ҳам, ӯ чанд бор сар бардошта, бо қаҳр «Хап шин!» гуфт.
Албатта, ман медонистам: ҳоло ӯ бо чӣ ҳолате мувоҷеҳ аст, чиҳо аз дилаш мегузаранд, худ ба худ чӣ тасмимҳо мегирад. Ҷабру зулмҳои Мусалламаи бевафо маро бисёр доно карда буданд.
Ман номаълум ба ваҷоҳати андуҳбор, куртаю шими ғиҷимшуда ва туфлиҳои пурчангу ғубори Пирӣ назар андохта меандешидам, ки ба хаёли ботил гаравидаам, ишқи ӯзбекӣ ҳам ба мисли ишқи тоҷикӣ сермоҷаро будааст. Ва дар дил аз Худо илтиҷо менамудам: кори ӯ бе мушту лағат оид нашавад, зеро Пирӣ ҷавони наҳифпайкари резаустухон буд ва яқинан, тоби зарбаҳои сахт надошт.
Хушбахтона, кор ба мушту лағат оид нашуд, вале ҷабру зулм ба ғояташ расид. Намедонам асли воқеаҳо чӣ сурате доштанд. Пирӣ аз ин хусус ба ман чизе намегуфт. Аммо ҳис мекардам, ки ҳамаи он воқеаҳо нохушанд. Чеҳраи ӯ рӯз ба рӯз тиратар ва ғамаш афзун мегашт. Боре ӯ ба номеҳрубониҳои маҳбубааш тоб наоварда, ба Самарқанд рафт. Аз он ҷо баргашта, хоҳиш намуд, ки ба Фарғона фиристандаш. Чанд бор ба Душанбею Кӯлоб ҳам рафта омад.
Вале аз ин гурезогурез дарди ӯ сабук неву вазнинтар мегардид. Чаро ки дили Пирӣ аз ишқи самимӣ саршор буд ва чунон ки маълум аст, соҳиби чунин дил дар ҳеҷ куҷо ба фироқи маҳбуба муросо карда наметавонад.
Боре ӯ нисфи шаб ба хобгоҳ омада, соате хомӯш нишасту баъд пурсид: оё дар хона арақ дорем.
- Ҳаст, — хандидам ман, зеро дар таги биниаш, болои миз, шишаи нимагаштаи «Экстра» меистод.
Пирӣ чизе нагуфта, паси ҳам ду пиёла аз он нӯшиду баъд маддаи дилашро кафонд. Маълум шуд, ки вақтҳои охир ба нозанини тошкандӣ чашми бад расида будааст, фақат ғами падару модарашро (зимнан, волидайни духтар ба хонадоршавии онҳо зид буданд) мехӯрдааст, ба илтифотҳояш эътибор намедодааст ва ҳатто аз ӯ мегурехтааст. Сипас донистан хост: ман ба ҷабру зулмҳои Мусаллама чӣ тавр тоб меовардам?
- Ба заҳмати зиёд, албатта, — оҳи сард аз дили пурдард баровардам. — Охир ишқи ман бар замми изтиробҳои рӯҳонӣ азобҳои ҷисмонӣ ҳам дошт. Барои ҳамин, баъзан то саҳар хобидан наметавонистам ва ба қавли шоир, ҳама аламамро аз дафтару қалам мегирифтам. Воқеан, ҳамон фоҷиаи бисёрпардагиро, ки дастаи худфаъоли донишгоҳ ба саҳна гузоштан нахост, баъди моҷарои сахте бо Мусаллама, бо миёни аз зарби кундазону дардманд навишта будам.
- Дафтару қалам… – андешаманд манаҳ хорид ӯ, баъд аз ҷомадонаш як даста коғази пурҷило ва қалами чоррангаи хориҷӣ баровард. – Пас, дафтару қалам…
Фаҳмидам, ки ӯ низ алами худро аз дафтару қалам гирифтанист. Бинобар ин, ба ҳар эҳтимол, шишаи холии «Экстра»-и назди ӯро ба дуртар монда, ба ҷогаҳ даромадам.
Саҳар хезам, Пирӣ ҳоло ҳам бедор асту пай дар пай сигор дуд дода, навиштаҳояшро рӯйнавис мекунад. Нахостам хотираш парешон шавад ва оҳиста аз дари ҳуҷра баромадам.
Пирӣ баъди пешин ба идора омад. Ва як даста қоғазро ба назди Ҷонибек гузошта, гуфт:
- Хонед!
- Ин чӣ? – пурсид Ҷонибек. – Шеърҳои мансур?
- Ҳа, — милкҳои аз бехобӣ варамидаи чашмонашро молид Пирӣ.- Хонед ва бинед, ки бо чӣ гуна бевафое ҳамшаҳр ҳастед…
Баъди аз дар баромадани Пирӣ (он вақт ҷойи вай дар шуъбаи хоҷагии қишлоқ буд) ман ба Ҷонибек гуфтам, ки ҳоло Пирӣ чӣ аҳвол дорад ва хоҳиш намудам барои таскини дили вай навиштаҳояшро ба чоп супорад.
Ҷонибек чизе нагуфта, шеърҳои мансури Пириро хонд ва шояд, онҳо мақбулаш наафтоданд, ки чанд бор зери лаб «Мм, да» гуфт. Баъд аз ман пурсид: оё худи духтар ба хонадоршавӣ розист?
- Албатта, -гуфтам. – Фақат падару модараш… Онҳо гуфтаанд, ки Тошканд куҷову Кӯлоб куҷо. Мо духтарамонро аз худ дур карданӣ нестем.
Ҷонибек андешаманд пешона молида, бори дигар «Мм, да» гуфт.
Дере нагузашта Пирӣ боз омад ва донистан хост: шеърҳои мансураш ин ҳафта чоп мешаванд ё не?
- Не, — гуфт Ҷонибек, — чоп намешаванд, зеро бисёр маҳрамонаанд…
Баъд аз Пирӣ хоҳиш намуд, ки асло ғам нахӯрад, ӯ худи пагоҳ ба хонаи нозанини тошкандӣ рафта, падару модарашро ба гап меандозад.
Чашмони Пирӣ ба як тарзи аҷиб дурахшиданд.
- Онҳо Шуморо мешиносанд. Агар ба миён дароед, ҳатман розӣ мешаванд.
- Ҳатман розӣ мекунем, — хандид Ҷонибек ва шеърҳои мансури Пириро ба ӯ баргардонд. — Гиред. Шаби тӯй дар гӯши арӯс мехонед.
Пирӣ, ки аз ваъдаи Ҷонибек дар курта намеғунҷид, коғазҳояшро бозпас гирифта, хушҳолона гуфт:
- Ҳатман мехонам!..