Гиреҳкушо

№97 (4837) 09.08.2024

Пирмухаммад СабуровОБРАБОТКАКАРДАГИ- Марде, ки пушти дари ҳуҷраи озмун равуо дорад, нисбат ба мо таҷрибаноктар аст, — гуфт сарвари литсейи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Пирмуҳаммад Сабуров ва илова намуд: — Ҳеҷ нафаре аз мо мисли ӯ шогирдони худро мухлисӣ карда наметавонад.

Ӯ директори яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара Холназар Ҳукуматов аст. Дар вилоят аз ҷумлаи нахустинҳоест, ки сарварии мактаби типи навро ба уҳда дорад…

 Ин лаҳзаи ошноӣ моҳи январи соли 2003 дар бинои раёсати маорифи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваста буд. Он вақт тавассути нишондодҳои омории соҳа медонис­там, ки бештари ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаю озмунҳо насиби хонандагони мактабҳои ноҳияи Данғара, хусусан шогирдони Холназар Ҳукуматов, мешаванд.

Баъд аз чанде бо нияти воқиф шудан аз сирри муваффақиятҳои ин марди шариф озими деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара шудам. Шиносоӣ аз осорхонаи мактаб оғоз шуд. Дидам, ки аксари навиштаҷоту нигораҳои осорхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мансубанд. Устод ба акси дастаҷамъонаи дар девор овезони солҳои хониши 1959-1969-и хонандагони мактаб ишора карда гуфт:

- Роҳбари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи ҳамин мактабанд.

 Лаҳзае баъд ба синфхонае раф­тем, ки дар он Сарвари давлатамон сабақ гирифтаанд.

 Баъд аз тамошои осорхона бо муаллимони мактаб, хусусан бо шодравон Асомуддин Ҳақназаров, ки ба Пешвои миллат ҳаққи устодӣ доштанд, ҳамсуҳбат шуда будам.

 - Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замони роҳбарии хоҷагиро ба дӯш доштан мудом ба мактаб меомаданд. Дафтари хонандагонро варақгардон карда, аз вазъи дарс­азхудкунии онҳо пурсон мешуданд. Муносибати роҳбари ҷавони хоҷагӣ буд, ки хонандагони камҳавсалаи сустхон ислоҳ шуданд. Бинобар ин, ман рафтори собиқ сарвари хоҷагиро нисбат ба таълиму тарбия яке аз ҳазор фазилаташон медонам, — гуфта буд дар поёни суҳбат муаллими куҳансол.

 РОҲАНДОЗИИ ТАҶРИБА

Омадаму бидуни таъхир шакли таълимро дар гимназияи хеш дар асоси тавсияҳои Холназар Ҳукуматов роҳандозӣ намудам. Дар ин замина, нуфузи таълимгоҳ ба таври назаргир тамоюли болоравӣ касб намуд. Баъдан, дар ҳар суҳбату вохӯрӣ Холназар Ҳукуматов таъкид мекард:

- Пешравии мактаб, хусусан мактабҳои типи нав, пеш аз ҳама, ба донишу сатҳи кордонии мудирон вобастагӣ дорад. Усули корбарии сарварони ин гуна мактабҳо шабеҳи роҳбарони тимҳои машҳури варзиш аст, ки мудом дар андешаи дарёфти мураббиёни таҷрибадору беҳтаранд.

Натиҷаи кори омӯзгор замоне самаровар мегардад, ки ӯ аз ҳама мушкилоти зиндагӣ орӣ бошад.

АЁДАТ

Баҳори соли 2010 бо мақсади инъикоси рафти омодагиҳо ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар рӯзномаи «Садои мардум» бо чанде аз ҳамкасбон дар ноҳияи Данғара қарор доштем ва бо ҳамкасби ҷавони худ ба аёдаташ рафтем.

- Вақтҳои охир дарди дил ранҷ дод. Табибон тавсия доданд, ки ба Олмон равам. Шукр, ки ҷарроҳӣ нағз гузашт. Бояд чанд рӯзи дигар табобат мегирифтам, аммо идомаи онро бо мақсади бо шогирдону аҳли ноҳия истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯз салоҳ надонистам, — пас аз аҳволпурсӣ арз дошт ӯ.

Сипас, рӯи рахти хоб боэҳтиёт дароз кашиду гуфт:

- Навиштаҳоятро дар рӯзномаи «Омӯзгор» мехонам. Ҳалли ҳеҷ мушкилӣ ба осонӣ даст надодаасту намедиҳад. Рафъи онҳо ғайрату неру, сабру истодагарӣ мехоҳад. Расидан ба музаффарият аз кушодани гиреҳҳо ибтидо мегирад.

Омӯзгори таҷрибадор дар хулосаи андешаҳои хеш ҳақ буд.

Боре аз вазъи тандурустию фаъо­лияти касбияш пурсон шудам.

- Ба нафақа баромада, се моҳ дар хона истироҳат намудам, аммо пешниҳоди раиси собиқи ноҳия Маҳмадулло Сайдализодаро оиди ба уҳда гирифтани сарварии литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун рад карда натавонистам. Фаъолияти таълимии литсей аз сифр оғоз шуд. Раис шарт гузошт, ки ягон омӯзгорро аз таълимгоҳҳои типи нави ноҳия, ба вижа мактаби президентию мактаби собиқи худ, ба таълим ҷалб насозам. Мақсади раис халалдор накардани ҷараёни таълиму тарбия дар мактаб­ҳои мазкур буд. Лозим омад, ки аз дигар манотиқи кишвар, бахусус Бадахшон, чанд омӯзгори болаёқатро тавассути шартнома ба кор даъват намоям…

АНҶОМ

Хоксорию фурӯтанӣ аз сифатҳои ӯст. Тӯли беш аз 20 соли ҳамкорию шиносоӣ боре ҳам фаъолияташро тавсиф накардааст. Гоҳе айни муаррифии зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи гарму нурониашро ба сифати ҳамсабақ ва дӯсти замони бачагии эшон медидаму ба худ қавл медодам, ки ин навбат бидуни пурсишу ишора қаламу коғаз гирифта, хотироти хешро дар бораи ӯ рӯи сафҳа меорам…

Ниҳоят, рӯзи нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Данғара ӯро дидам, ки гуфт:

- Кам хабар мегирӣ.

Баъд аз анҷоми нишаст бидуни огаҳӣ ба суроғаш рафтам, аммо наёфтам. Тавассути телефон изҳори мақсад карда, ҳолномаашро бо иҷозаи худи ӯ аз компютери котиба гирифта, варақгардон кардам: Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста Холназар Ҳукуматов 55 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад. Тӯли 28 соли роҳбарии ӯ дар ду мактаби типи нав — гимназияи ҷумҳуриявӣ ва литсейи тамоюли техникии Афлотун шогирдонаш 170 ҷойи ифтихориро дар озмуну олимпиадаҳо соҳиб шудаанд.

 Ин нишондод самараи ҷаҳду талошҳо, бедорхобию азхудгузаш­танҳои ин марди ҷонфидои маорифи кишвар аз деҳи Рахшонзамин аст, ки шоистаи тавсифу таҳсин мебошад.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,

рӯзноманигор, узви шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон