Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷикфилм» бо 50 ширкат ҳамкорӣ дорад

№98 (4838) 12.08.2024

5Дар нишасти матбуотии Муассисаи давлати «Тоҷикфилм», ки 30-уми июли соли равон баргузор шуд, директори он Маҳмадсаид Шоҳиён изҳор дошт, ки дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз 53 филмномаи пешниҳодшуда ба шурои бадеии муассиса тавассути питчинг 3 филми ҳунарии пурра, 3 мустанад, 2 кӯтоҳ, 1 тасвирӣ, 1 мустанади муштарак ва 2 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ шуданд.

Муассиса ин муддат барои табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо синамогурӯҳи «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҶДММ «Сарез сармоя», ширкати синамоии «Корномаи Дубай» созишнома ба имзо расонд. Дар маҷмӯъ, ҳоло МД «Тоҷикфилм» бо 20 кишвар ва 50 ширкати филмбардорӣ ҳамкорӣ дорад.

Дар нимсолаи аввал филмҳои нав барои иштирок ба Синамоҷашнвораи байналмилалии «Лендок»-и шаҳри Санкт-Петербурги Россия, Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд — «Дурдонаи Роҳи бузурги Абрешим» ва Синамоҷашнвораи байналмилалии «Листопад»-и Ҷумҳурии Беларус пешниҳод шуданд.

Аз он қаноатмандӣ шуд, ки филми ҳунарии «Дов», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби МД «Тоҷикфилм» рӯи навор омадааст, дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Дакка сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филмномаи Осиёи Миёна» гардид.

Иттилоъ гирифтем, ки дар назар аст соли равон дар ҳамкорӣ бо синамогарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон наворбардории филми ҳунарии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз шавад.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»