Аз нишастҳои матбуотӣ

Фарҳод РАҲИМӢ: «Вазифаи асосии кумита — соҳибкасб кардани мардум»

№98 (4838) 12.08.2024

10Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишас­ти матбуотӣ 30-юми июл гуфт, ки соҳибкасб кардани мардум вазифаи асосии кумита мебошад.

- Мо шаҳрвандонро барои таҳсил ва ҳунаромӯзӣ баъд аз хатми синфи 9 қабул менамоем ва тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол, метавонанд дар муассисаҳои кумита касб омӯзанд, — афзуд номбурда.

Иттилоъ гирифтем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Масъулини кумита ихтисосҳоро дар ин зинаи таҳсилот бознигарӣ мекунанд. Ихтисосҳое, ки ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат нестанд, ихтисор ва ихтисосҳое таълим дода мешаванд, ки имрӯз бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Нақшаю барномаҳои таълимӣ низ таҷдид ва ба қисмати амалӣ бартарӣ дода мешавад.

- Ҳоло дар 23 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Кӯшониён, литсей ва коллеҷҳо нестанд. Нақша дорем давра ба давра дар ин шаҳру ноҳияҳо чунин муассисаҳоро бунёд ва муассисаҳоеро, ки ба таъмир ниёз доранд, аз таъмир барорем, — гуфт раиси кумита.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»