Дар шаҳри Хоруғ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Алишер Мирзонабот иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ доир шуд, ки дар он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» муовини раиси ВМКБ Мусо Мирзозода зикр намуд, ки соли 2023 ва панҷ моҳи аввали соли 2024 ба раёсати Агентии меҳнат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 ҳазору 493 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор ва дигар масъалаҳои вобаста бо шуғл муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 7 ҳазору 537 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Раиси ВМКБ тавзеҳ дод, ки ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят марҳилаи тозаи пешрафт оғоз ёфт. Дар ин замина зиндагии шоиста фароҳам шуда, сатҳи бекорӣ давра ба давра коҳиш дода мешавад.
Дар иҷлосия, ҳамчунин, ҳисоботи котиби комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба дигар намудани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин, объектҳои марзиву маъмурӣ, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон баррасӣ гардида, бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшон ба номи Қадамсаид Мавлоназаров ва бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон мактаби №16-и деҳаи Бидурди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба номи Имомқул Наврӯзқулов гузошта шуданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»