Кӣ ҳақиқатро мегӯяд?
Шоҳзода Чи дарак ёфт, ки дар мулкаш шахсе бо зебоии фавқулода бо номи Сюй Гун зиндагӣ мекунад.
Саҳар аз канизаш пурсид:
- Оё ту боре ҳам Сюй Гун ном ҷавонмарди зеборо дидаӣ?
- Борҳо дидаам.
- Кадоме аз мо соҳибҷамол?
- Шумо, — посух дод каниз.
Нисфирӯзӣ шоҳзода аз ҳамсараш пурсид:
- Дидани дидори Сюй Гун бароят муяссар шудааст?
- Бале,- гуфт ҳамсараш.
- Гӯй, ки кадоме аз мо хубрӯтарем?
- Ҷои баҳс ҳам нест, шумо хубрӯтаред.
Бегоҳирӯзӣ меҳмоне ба назди шоҳзода омад. Вай пурсид:
- Шумо бо Сюй Гун вохӯрдаед? Гӯед, ки кадоме аз мо зеботарем.
- Ба фикрам, шумо зеботаред,- гуфт меҳмон.
Баъдан, шоҳзода ба сайругашт баромад, ки дар он ҷо касе ӯро намешинохт. Ногаҳон шахси ниҳоят зебоеро дид ва аз кампире пурсид?
- Шумо номи ин шахсро медонед?
- Ин Сюй Гун аст, — гуфт кампир.
Шоҳзода аз зан пурсид:
- Бигӯ кадоме аз мо хубрӯтарем?
Зан ҷавоб дод:
- Ҳама хоҳад гуфт, ки Сюй Гун зеботар аст.
Ҳангоми бозгашт ба хона шоҳзода ҳакимеро вохӯрд.
- Чаро каниз, ҳамсар ва меҳмон ба ман ҳақиқатро нагуфтанд ва маро бовар мекунонданд, ки аз Сюй Гун зеботарам?
Ҳаким дар ҷавоб гуфт:
- Каниз аз тарси он ки ба ғазаби ту гирифтор нашавад, ба ту дурӯғ гуфт. Ҳамсарат барои он дурӯғ гуфт, ки нисбат ба ту муҳаббат дорад. Меҳмон бошад, аз рӯи одоб дурӯғ гуфт.
Вақте мехоҳӣ ҳақиқатро дар бораи худ донӣ, онро аз касоне, ки туро намешиносанд, ҷӯё шав.
Ба зиндаҳо ёрӣ расон
Олиме хеле камбағал буд. Вақте аз хоб бедор шуд дид, ки дар хонааш ҳатто як каф биринҷ нест. Бо шиками гурусна ба назди ҳамсоя омад, то аз вай як лян (воҳиди пулӣ) нуқра қарз гирад. Вале заминдори хасис намехост аз пулҳои худ ҷудо шавад. Ӯ ба олим гуфт:
- Ин як лян нуқра дар дасти шумо дер намепояд. Беҳтараш як моҳ пас оед, ба шумо 30 лян медиҳам.
Олим гуфт:
- Дар роҳ ҳангоми ба назди шумо омадан дар ҷӯи хушкшудае моҳиеро дидам. Вай базӯр нафас мекашид ва аз ман хоҳиш кард, ки як ду сатил об аз чоҳи наздиктарин биёрам. Ба моҳӣ гуфтам:
- Ба ту чанд сатил об камӣ мекунад. Беҳтараш як ҳафта интизор шав, агар ман вақт ёфтам, омада ин чоҳи хушкшударо пур аз об мекунам.
Моҳӣ гуфт:
- Ҳозир маро чанд сатил об наҷот медиҳад, аммо ҳафтае пас ҳатто уқёнус кор намеояд.
- Барои чӣ инро ба ман нақл кардед, — гуфт заминдор?
- Барои он ки ба зиндаҳо ёрӣ расондан даркор, на ба мурдаҳо, — гуфт олим.
Худситоӣ пайомади ногувор дорад
Шоҳзода Ли хабар ёфт, ки ба шоҳигариаш душманон ҳамла карданианд. Фармон дод, ки дар назди дарвозаҳои қаср ду нақораи калон гузоранд ва ба хизматгорон гуфт:
- Ҳангоми баланд шудани садои нақораҳо аслиҳа гирифта, ба қаср биёед.
Баъдан, дар дарбор меҳмонони олиқадрро қабул кард ва ҳангоми хайрухуш бо худситоӣ гуфт:
- Танҳо дар қасри ман нақораҳо хеле баланд садо мебароранд ва садои онҳоро баровард.
Аз ҳар тараф ба қаср одамон ҷамъ шуданд. Дар дасти онҳо шамшер ва дигар олоти муҳифизатӣ буд.
Шоҳзода хандид ва гуфт:
- Ба хонаҳои худ равед. Хостам, ки меҳмонон фаҳманд, ки чӣ қадар нақораҳои ман баланд садо доранд.
Муддате гузашт ва соли нав фаро расид. Боз ба шоҳигарӣ меҳмонон ташриф оварданд. Яке аз меҳмонон гуфт:
- Дафъаи гузашта танҳо овози як нақораи шуморо шунидем. Ҳоло мехоҳем овози нақораи дуюмро низ бишнавем.
- Ҳозир шумо итминон пайдо мекунед, ки нақораи дуюм баландтар садо мебарорад! — гуфт шоҳзода ва ба каниз амр дод, ки бо чӯби ғафстар онро занад.
Боз ҳам аскарону канизони шоҳзода мусаллаҳ шуда омаданд. Шоҳзода гуфт:
- Ба хонаҳоятон равед. Ман танҳо хостам фаҳмам, ки нақораи дуюм чӣ қадар овози баланд дорад.
Ҷашнҳо низ ба охир расиданду меҳмонон рафтанд. Рӯзи дигар ба шоҳигарии Ли душманон ҳамла намуданд.
Ҳарчанд, ки канизон нақораҳоро заданд, касе ба кумаки шоҳзода ба қаср наомад.
Душманон бошанд, шоҳигарии Лиро забт намуда, ӯро асир гирифта, ба ғуломӣ фурӯхтанд.
Тарҷумаи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»