Гулшани роз

№99 (3245) 26.08.2014

ВАҲДАТИ МО

Ваҳдати аҳли замин ояндаи даврони мост,

Зиндагии бофароғат чеҳраи хандони мост.

Меҳру эҳсон баҳри олам зарфишонӣ мекунад,

Ваҳдату якпорагӣ ояндаи рахшони мост.

Дар раҳи Ваҳдат равон гаштем, чун наҳри азим,

Ваҳдати мо ҷони мост, умеди мо, армони мост.

Маънии Ваҳдат ҳамеша якдилии миллат аст,

Офтоби зиндагонӣ, нур дар чашмони мост.

Нури Ҳақ гар мерасад бар дидаи бинои мо,

Меҳри сулҳу дӯстӣ партав фишон дар ҷони мост.

Хокиёнро бо Худо пайванд месозем мо,

Бо муҳаббат, бо адолат ин ҳама паймони мост!

 

ДАР ҚАСАМ БО САРВАРЕМ

Эй диёри камзамини арҷманд,

Кӯҳҳоят ҳамчу халқат сарбаланд,

Обҳоят софу ширин мисли қанд,

Дар забони мардумат андарзу панд.

Тоҷикистон сарзамини мо туӣ,

Модари бахтофарини мо туӣ.

 Духтаронат куртаи атлас ба бар,

Тоқии зардӯзии зебо ба сар, 

Тасмаҳои нангу ор андар камар,

Ин ҳама бошад зи таърихат асар.

 Тоҷикистон сарзамини мо туӣ,

Модари бахтофарини мо туӣ.

 Навҷавонон ташнаи илму савод,

Мераванд озод бар кӯи мурод,

Ҳар кадомеро дуо модар бидод,

То диҳанд ин марзро аҷри зиёд.

Тоҷикистон сарзамини мо туӣ,

Модари бахтофарини мо туӣ.

 Мо туро бо ҷону дил мепарварем,

Сарсупори марзу буми кишварем.

Коргар, устод  ё худ афсарем,

Мо ҳама андар қасам бо Сарварем.

 Тоҷикистон сарзамини мо туӣ,

Модари бахтофарини мо туӣ.

 Саидмаҳмуди САИДҲОМИД, шаҳри Душанбе

 

ДУШАНБЕ

 Маро мафтун намудӣ, эй Душанбе,

Ту аз сад боғу майдону чаман беҳ.

Чанористони ту олам надидаст,

Шукӯҳу шавқати худро нумӯъ деҳ.

Бидидам қасру майдони туро ман,

Шудӣ шаҳри азим бар ҷойи як деҳ.

Ҳазорон олиму аллома дорӣ,

Ба олам некному ҷовидон зиҳ.

Ба асри бисту як равнақфизо шав,

Ба ҳайрат монад умре кеҳу ҳар меҳ.

Дар оғӯшат басе дорулфунун аст,

Ба фардои дурахшонат қадам неҳ!

 

ЧОЙХОНАИ РОҲАТ

Ба «Роҳат» рафта роҳат мекунам ман,

Саҳаргоҳон фароғат мекунам ман.

Бикарда нӯши ҷон ҷойи кабудаш,

Зи ҳар нақшаш ҳаловат мекунам ман.

Дар ин улфатсаройи маҳрами роғ,

Чӣ хуш эҳсоси ваҳдат мекунам ман.

Басе озодаву пурфайз бошад,

Сано бар ин ҳукумат мекунам ман.

Ҷамоли нозанинони сари раҳ,

Зи ҷону дил назорат мекунам ман.

Агар бошӣ ба паҳлӯям нигоро,

Лабат аз бӯса ғорат мекунам ман.

Ҳар он чизе, ки мехоҳӣ азизам,

Ба гуфторат итоат мекунам ман.

Ба ин чойхонаи улфатнишинон,

Пайи суҳбат ишорат мекунам ман.

Бирезам чойи ҳикмат ту биё ёр,

Ба ин паймона даъват  мекунам ман!

Субҳӣ ҶАВҲАРИЗОДА, шаҳри Истаравшан

 

СУРУДИ ЧИЛДУХТАРОН

Ман кӯҳаму лолаҳои садранг марост,

Чил духтари боиффату бо нанг марост.

Аз кушта ҳазор пушта  пурхун дорам,

Хуни ҷигаре бар сари ҳар санг марост.

 Дар домани кӯҳ лолаҳо садранг аст,

Кӯлобии мо ба аҷнабӣ дар ҷанг аст.

Ку Эраҷу ку Рустаму ку Сӯҳробаш,

Ку ҷумла баҳодурон,  замони нанг аст.

 Чил духтари сарбози ҷаҳонгирам ҳаст,

Чил духтараки фақиру моҳирам ҳаст.

Ин лола ҳама зи хуни сарбози ман аст,

Аз хуни диле ду ҳалқа занҷирам ҳаст.

 Чил духтараки санги, маро ёд кунед,

Ин рӯҳи парешони маро шод кунед.

Хоҳед ҳақиқати сухан дарёбед,

Аз кӯҳи сухан пайкара бунёд кунед.

 Одина РАҲМОН, шаҳри Кӯлоб

 

СУНБУЛИ СОНӢ

 Ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005- 2013 Қобиламоҳ Ғуломшоева

 Дар ин муддат, ки ӯ раҳбар ба мо шуд,

Ба ҳақ Рӯшони мо кони сафо шуд.

Чу гул бишкуфт дар боғи раёсат,

Хушо тӯтии рӯшонӣ ҳумо шуд.

Ба бахти мо бубин, ин наҷми иқбол,

Чӣ сон чашмакзанияш аз само шуд.

Дар ободию дар созандагӣ бин,

Ба мардони диёраш раҳнамо шуд.

Сифоти меҳнати аҳлонааш пахш,

Зи симову садову синамо шуд.

Чу узви Маҷлиси Олии  кишвар,

Ба чашми мардумон равшаннамо шуд.

Ба хулқу хӯву ақли бемисолаш,

Бузургӣ ёфту нуру сафо шуд.

Ба номи ӯ бифахрему  бинозем,

Ки моҳи Қобила сарвар ба мо шуд.

Касе, ки модараш Сунбул бувад, к-ӯ

Барои мардумаш обу адо шуд.

Ба ҳар фарзанди Рӯшон модарӣ кард,

Ба мардони бузургаш ҳамнаво шуд.

Занҷирбеки ЁҒИРБЕК, ноҳияи Рӯшон

 

ДУБАЙТҲО

Марав аз худ, ки сармастӣ ғам орад,

Зи пушти хуррамиҳо мотам орад.

Надидам дар ҷаҳон як беғамеро,

Ҳамепурсӣ касеро, сар хам орад.

 ***

Биё, эй дил, нафас осуда гирем,

Ки монанди камону мисли тирем.

Расад рӯзе, зи ҳам гардем ҷудо мо,

Ба ҷуз аз зери хок ҷое нагирем.

 Бобохон ҲАСАНОВ, шаҳри Кӯлоб

 

БӮИ ИСТИҚЛОЛ

Пиру барно шоду хандон омада,

Тифлаки мо чеҳрахандон омада.

 Шукри истиқлолу сулҳу оштӣ,

Сарвари мо марди даврон омада.

 Парфишон гардида Парчам ҷовидон,

Ин Нишон аз  Оли Сомон омада.

 Тоҷикистон тоҷдору тоҷвар,

Бар сари мо нури Раҳмон омада.

 Аз Душанбе то Бухорову Хуҷанд,

Бӯи Ваҳдат аз Бадахшон омада.

 Зарфишон бодо Зарафшони куҳан,

Гулфишон бар кӯҳу домон омада

 

ФАЙЗУ ЭҲСОНУ САХО ДАР ВАҲДАТ АСТ

Сурхии рухсори мо дар Ваҳдат аст,

Дидаи бедори мо дар Ваҳдат аст.

Пешаи мо иттифоқу ҳамдилист,

Файзу эҳсону сахо дар Ваҳдат аст.

Миллати бо нангу орам зинда бош.

Тинҷиву сулҳу сафо дар Ваҳдат аст.

Парчамат бодо парафшон эй Ватан,

Созишу гуфтори мо дар Ваҳдат аст.

Ҳар куҷо базму тараб барпо шавад,

Шеъру оҳангу наво дар Ваҳдат аст.

Гулрези Суғд, шаҳри Душанбе

 

БӮСТОНИ ПУР ЗИ САВРУ ЁСУМАН ДОРАД ВАТАН

Бӯстони пур зи савру ёсуман дорад Ватан,

Накҳати ҷонбахши ҳамчун настаран дорад Ватан.

 Беватанро нест осоиш ба даври зиндагӣ,

Тахти роҳат бар фароғи ҷону тан дорад Ватан.

 Тифлаконашро чу модар доимо гирад канор,

Чашмаи пистонҳои пурлабан дорад Ватан.

 Оби софи ҷӯйбораш чун асал ширин бувад,

Пур зи гул андар бараш дашту даман дорад Ватан.

 Комро ширин намояд себу зардолуи он,

Лаззати шаҳду шакар андар даҳан дорад Ватан.

 

ПАРИРӮ

Эй парирӯ, бар ту ошиқ гаштаам,

Ёри хушрӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Хандаҳоят ҳамчу лабханди баҳор,

Эй суманбӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Мехиромию диламро мебарӣ,

Эй сияҳмӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Аз ҳузурат бас сафое ёфтам,

Сарви дилҷӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Нест мислат на ба Шарқу не ба Ғарб,

Хубу хушхӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Мебарам бо хеш дардатро ба гӯр,

Кӯй бар кӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Сӯи Шайдои ҳазини худ нигар,

Моҳи хушрӯ, бар ту ошиқ гаштаам.

 Муллоқурбони Шайдо, шаҳри Панҷакент

 

ТОҶИКИСТОН

 Тоҷикистон, модари зебои ман,

Эй биҳишти поку беҳамтои ман.

Сарзамини нозанини дилрабо,

Манзили ман, хонаву маъвои ман.

 Мекунам шукронаи ҳар санги ту,

Зиндаам бо номи ту, бо нанги ту.

Сози сулҳу сози ваҳдат мезанӣ,

Гашта ин дунё пур аз оҳанги ту.

 Хонаи сулҳу амонӣ гаштаӣ,

Раҳнамои зиндагонӣ гаштаӣ.

Меҳри ту дар сина афзун мешавад,

Ту нишони меҳрубонӣ гаштаӣ.

 

ХАРОБӢ ОРАД ПОРА

Аз дасти ту, эй пора,

Дилҳоянд пора- пора.

Харобӣ орад пора,

Ба мардуми бечора.

Пора бошадо иллат,

Доғест ба халқу миллат,

Зарар ба халқу давлат.

Иснод бар шаъни миллат,

Аз дасти ту, эй пора.

Мардум надорад чора,

Ҳамон марди порахор.

Ҳамон бешарму беор,

Корро мебахшад сомон.

Бо пулу ришва осон,

Бо пора ҷинояткор.

Раҳо гардад аз таги дор,

Бо ришва ину он кас,

Озод гардад аз маҳбас.

Ба пора дар донишгоҳ,

Дохил шавӣ бе тағо.

Ҳатто бо каллаи холӣ,

Хонӣ мактаби олӣ.

Ба пора ҳар беадаб,

Ҳатто расад ба мансаб.

Аз дасти ту, эй пора,

Мардум гашта овора.

То Ватан гардад обод,

Мардумаш гардад дилшод.

Ҳам ғами миллат хӯрем,

Ҳам ғами давлат хӯрем.

Пок бисозем дилҳоро,

Аз порахӯр дунёро.

То ин ки дар ин гулзор,

Намонад нишон зи хор.

Исмоил ҶАБИНЗОДА, ноҳияи Муъминобод