Конференсияи назариявӣ дар ДДФСТ

№ 26.04.2018

26 апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (ДДФСТ) ба номи М. Турсунзода конференсияи солонаи илмию назариявӣ ва эҷодӣ таҳти унвони «Масъалаҳои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар масири истиқлолият ва худшиносии миллӣ» доир гардид. Дар он омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ва меҳмонони дохилию хориҷӣ ҳузур доштанд. Ректори донишкада профессор Хайрулло Идиев доир ба ҳадафу мақсади конференсия, дастовардҳои даврони истиқлолият, самтҳои афзалиятноки соҳаи фарҳанг суханронӣ намуд. Сипас ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Олтойи шаҳри Барнаули Федератсияи Россия профессор Алекова Илен Александровна дар робита ба аҳамияти фарҳанг ва санъат, нақши осорхонаҳо дар ҷомеа ибрози назар намуд. Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода аз ҳунари мардумии «Катибадӯзӣ» ва сайри таърихии он ёдовар шуд. Дар охир Меҳровар Хоҷаев – мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ – фарҳангии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар мавзӯи «Тоҷикистон ва мавқеи он дар бозори байналмилалии сайёҳӣ» маърӯза кард.

Саидҷон БАҲРОМОВ,
донишҷӯйи шуъбаи ғоибонаи
рӯзноманигории ДДФСТ