Соли 1992, аниқтараш шаби 18-уми октябр, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳунарманди машҳуру хушсадо Кароматулло Қурбонов ва аъзои дастаи ҳунарии ӯ ҳангоми бозгашт аз тӯи арӯсӣ дар ҳудуди деҳаи Даҳана ваҳшиёна кушта шуданду қотилон ҷасади онҳоро ба ҷойи номаълум бурданд. Барои пайдо кардани кушташудагон аз ҳисоби кормандони фаврии шуъбаи Кумитаи давлатии амният (КДА) дар ноҳияи Ёвон гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯйӣ бо иштироки ваколатдори калон Ҷумахон Қурбонов ва ваколатдори оперативии шуъба Анатолий Тулонович таъсис ёфт.
Пас аз ҷустуҷӯ ҷасади К. Қурбонов ва аъзои дигари дастаи ҳунариро аз обанбори Заводи кимиёвии ноҳия пайдо карданд. Вале, ҳангоми гирифтани ҷасадҳо, байни кормандони КДА ва силоҳбадастон муноқиша ба миён омад. Ҳарчанд кӯшиш карданд, гуфтушунид натиҷаи мусбат надода, ба тирпаронӣ табдил ёфт. Дар натиҷа, капитан Ҷумахон Қурбонов бо бардоштани ду захми тир аз дасти нохалафон ба ҳалокат расид.
Мушкиниссо Раҷабова, ҳамсари капитан Ҷ. Қурбонов бо дард қисса мекунад:
- Он шабу рӯзи нооромӣ ман ва чор фарзандам ҳамроҳи шавҳарам дар ноҳияи Ёвон иқомат доштем. Иттифоқан, ҳамкори шавҳарам ба хонаамон омада гуфт, ки капитан Қурбоновро куштанд. Ҳамон рӯз ҷасадашро ба хона оварданд. Азбаски шавҳарам зодаи шаҳри Кӯлоб буду наздиконамон он ҷо зиндагӣ мекарданд, тасмим гирифтем ӯро дар Кӯлоб ба хок супорем. Дар як мошин ману фарзандонам, дар мошини дигар ҷасади шавҳарам ҳамроҳи гурӯҳи кормандони амният ба роҳ даромадем. Сари ҳар қадам яроқдорон дидбонгоҳ ташкил намуда, камин гирифта буданд. Қурбонов ҳангоми зинда будан чун устухон дар гулӯи мухолифон буд. Хонаву дар, зану фарзанд нагуфта, пайваста дар майдони набард алайҳи душманони давлату миллат муборизаи беамон мебурд. Аз ин рӯ, ҳар ҷое, ки мухолифин мошинро боз медоштанду аз марги ӯ воқиф мешуданд, таҳқир мекарданду суханҳои қабеҳ мегуфтанд. Суханҳои ѓазаболуди якеаш дар гӯшам то ҳол ҳаст, ки мегуфт: «Чаро Ҷумахони кӯлобӣ чунин осон кушта шуд?! Ӯро бояд мо бо шиканҷаю уқубат мекуштем!..». Он замон ба ману чаҳор фарзандам низ марг таҳдид мекард. Даҳшати он рӯзи сиёҳ аз хотирам намеравад…
Қурбонов Ҷумахон Насриддинович 10-уми августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1975 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳрро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Дар баробари таҳсил, ҳамчунин, дар вазифаи котиби комсомолии донишгоҳ кор карда, пас аз хатми он барои фаъолият ба мактаби №27-и ноҳияи Панҷ ба ҳайси ҷонишин оид ба таълим ва тарбия фиристода шуд.
Соли 1983 бо фармони раиси онвақтаи шаҳри Кӯлоб Ҷумахон Қурбоновро котиби масъули комсомоли шаҳр таъин мекунанд. Як сол дар ин вазифаи пурмасъул фаъолият карда, зери назари кормандони Кумитаи давлатии амнияти ИҶШС қарор мегирад. Аз ин лиҳоз, ӯро барои хизмат дар КДА даъват мекунанд. Қурбонов, ки ҷавони ҷасуру кордон буду хизмат ба Ватанро ҳадафи асосӣ медонист, пешниҳодро рад накард. Баъди омӯзиши амиқ, соли 1984 ӯро дар мақомоти амнияти давлатӣ ба кор пазируфтанд. Сипас, ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристоданд. Чор сол дар Тошканд фаъолият намуд. Соли 1988 ӯро ба сафари яксолаи хизматӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон равон карданд.
Баъди бозгашт аз сафари хизматӣ Қурбонов ваколатдори калони фаврӣ дар Раёсати комитети давлатии амнияти вилояти Хатлон таъин гардид. Азбаски соли 1992, дар қатори дигар манотиқи кишвар, дар ноҳияи Ёвон ҳам нооромию бесарусомонӣ ҳукмрон шуд, Қурбоновро ҳамчун кадри бовариноку уҳдабаро ба он ҷо фиристоданд.
- Соли 1994 маро барои хизмат дар Гурӯҳи оперативии Раёсати амнияти давлатии минтақаи Кӯлоб даъват карданд. То ба синни нафақа расидан дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот фаъолият намудам, — мегӯяд Мушкиниссо Раҷабова, ҳамсари марҳум. — Воқеан, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!». Ифтихор мекунам, ки Давлату Ҳукумати мамлакат хизматҳои ману шавҳарамро фаромӯш накардааст. Ҳар сол дар рӯзи иди касбии кормандони амният ба мо кумак мерасонанд. Хусусан, дастгириҳои генерал Саидамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакатро, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.
Воқеан, Ҷумахон Қурбонов ва садҳо фарзандони дигари сарсупурдаи миллат баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва ҳифзи тартиботу амният ҷон додаанд, ки қаҳрамонии онҳо барои наслҳои баъдӣ сабақ ва мактаби меҳандӯстию ҷавонмардист.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»