Чанде пеш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) таҳти унвони «Таҷассуми либоси миллӣ дар офаридаҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшоҳ Довутов», конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи конференсия ректори ДДСТДТ Ғанизода Ҷамшед зикр кард, ки тоҷикон аз азал бо либосҳои миллиашон шуҳрат доштанд, аз ин рӯ, тарғибу ташвиқи он бояд ҳар чӣ бештар ба роҳ монда шавад. Мудири китобхонаи донишкадаи мазкур Б.Ёғибекова дар мавзӯи «Қадри устод аз падар беш аст», донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси санъатшиносӣ К.Сариева ва С.Ғанибоева дар мавзӯъҳои «Ҳаёт ва фаъолияти С.Шарипов» ва «Ҳаёт ва фаъолияти З.Довутов» маърӯза карда, иштирокчиёнро ба таҷрибаи кор ва зиндагии онҳо шинос намуданд.
Сипас, конференсия дар се бахш идома ёфта, олимон дар мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба либоси миллӣ маърӯза ва мубодилаи афкор карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»