Ватан! Ҳар гоҳ дар бобати ин вожа андеша мекунам, беихтиёр симои модари меҳрубону дилсӯзам пеши рӯ ҷилвагар мешавад. Ва овози модарамро мешунавам: «Агар Ватанро дӯст надорӣ ва агар ба қадри забони ман нарасӣ, шири сафедамро биҳилат намекунам».
Вожаҳои модару Ватан он қадар азизу дилпазиранд, ки баробари ба забон овардани онҳо раъша домангирам мешавад, пайкарам аз ҳаяҷон меларзаду сар ба таъзим меорам. Сано мегӯям, ки соҳибватанам ва аз домани модари тоҷик ба дунё омадаам. Шукронаи ин хок, об ва шукронаи сарзамини биҳиштосоямро мекунам.
Ҳар гоҳ ба саҳифаҳои хирашудаи таърих менигарам, мебинам, ки ба рағми миллати ҷафокашидаам чархи номард ба мурод нагаштааст ва муддатҳо домони давлатро аз чанги миллатам рабуда. Аслан, онҳо ба хоки мо тамаъ карда буданд, ки аз кадом як гӯшаи дури дунё омада буданд. Дили ниёкони мо ба онҳо сӯхт. Барояшон хона доду нон. Чун шикамсер шуданд, чашмони гуруснаашон ба хоки муқаддас дӯхта шуд. Намак хӯрданду намакдонро зери по карданд…
Тӯли ҳазор сол ниёкон давлати милливу озодиро орзу кардаанд ва ормон ба дил таги хок хуфтаанд. Ҳазор сол дар синаи шаб пиру барно сар ба ниёиш бурдаву аз даргоҳи Худованди якто талаб кардаанд, ки гумкардаи онҳоро бозгардонад. Билохира, дуои онҳо мустаҷоб гардид. Ниҳоят, мо соҳиби давлати озоду миллати дилшод ба ҳам омадем. Мо ки ба қавмҳои пора — пора табдил ёфта будем, дубора як миллати воҳиду ягона шудем. Ваҳдати мо дили бадхоҳони миллатро ба ларза овард. Онҳо аз кинаву кудурати дардилдошта, аз бахилӣ ва ҳасад аз ваҳдати мо ба шӯр омаданд. Ва мо ба рағми онҳо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайи ободии Ватан миёнро аз ҳафт ҷой мустаҳкам бастем. Дар як муҳлати кӯтоҳ Тоҷикистон пешрафту машҳури олам шуд.
Имрӯз фарзанди тоҷик ҳар куҷо ки бошад, даст ба сина бурда, боифтихор мегӯяд: «Ман соҳибватанам! Дигар Тоҷикистони азиз хонаи умеди тоҷикони олам аст ва сарпаноҳи онҳост. Хокдони онҳост. Номуси онҳо ва ифтихори ҳама аст. Мо дар назди таърих муваззаф ҳастем, ки марзу буми кишвари озодаро чун гаҳвараки чашм ҳифз кунем.
Чун тоҷики сарбаланду ғарқи номус Ватан-Модарро посбонӣ кунем. Дар шараёни фарзанди тоҷик ҳамон хуни Рустам асту Сиёвуш, Темурмалику Муқаннаъ, Шераку Деваштич, Спитамену Восеъ, Усмони Маҳмадамин… Ҳамон ҷавонмардони асилу паҳлавонони номвар, ки ин ду вожаро аз ҷони ширин болотар гузоштанд. Аз сари ҷон гузаштанду аз сари Ватан не! Бо талоши онҳо тоҷик муддатҳо соҳибдавлат буду ҳаст.
Суханони омӯзгори фанни таърих Меъроҷиддин Тоҷиддинов дарёвор ба гӯшам мерезанд. Ӯ мегуфту гумон мекардам, ки гиря банди гулӯяш мешуд. Аз қаҳрамонии фарзандони тоҷик дар корзорҳо мегуфт. Барои ҷавонмардони ҷавонмарг ва аз даст рафтани давлати тоҷикон мегирист. Барои тахти Сомон мегирист. Қиссаи асри тиллоиро мегуфт. Тарзе мегуфт, ки рафтору корномаҳои диловарони миллат бароямон дарси ибрат буданд ва мо ҳангоми бозиҳо худро дар нақши он қаҳрамонон медидем, ба сари душман мардонавор метохтем.
Зиҳӣ омӯзгоре, ки дар дили кучаки шогирдон меҳри модару ватанро тавъам ҷо мекунад!
Зиҳӣ модаре, ки бо фарзанди ватандӯсту диловари хеш ифтихор мекунад!
Муаллими таърих аз қаҳрамонии фарзандони тоҷик солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 1945) бо дарду бо ифтихор мегуфт. Давлати Шӯравӣ бузург буд. Майдони ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале тоҷикбачаҳои диловар дар майдони набард паҳлуи намояндагони ҷумҳуриҳои бародар доди мардиро медоданд. Дур аз зодгоҳ, аз хешу табор дар сангарҳо ҷон доданд. Имрӯз низ онҳо дур аз Ватан хуфтаанд. Ба он хотир хуфтаанд, ки мо осуда бошем. Мо дар як кишвари биҳиштосо умр ба сар барем. Ба он хотир меҷангиданд, ки мабодо пои номубораки душмани башарият ба Тоҷикистон нарасад…
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик тамаи хоки мулки бегонаро накардааст. Ба сари касе шамшер накашидааст. Ба неъматҳои мулки бегона майл надошт. Аммо ҳамеша мардона дар муқобили душманони хеш ҷангидааст. Хокдони бобоӣ, номуси худро мардона муҳофизат кардааст.
Наметавонем ба ниёкони хеш пайравӣ накунем ва ба душманони давлату миллати худ имкон диҳем, ки хостаи худро кунанд.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷик танҳо ба хотири илму маърифат кору пайкор кардааст. Фарзанди тоҷик умре дар шоҳроҳи маърифат роҳ паймудаву барои башарият хизмат кардааст. Ҳазорон асар ба хотири пешрафти илмҳои гуногун эҷод кардааст. Ба қавму миллатҳои ҳамсоя одоби сухан гуфтану илм андӯхтанро ёд додааст.
Бо чашмони камнур хондам, ки кучие дар марз мардуми осоиштаи маро тирборон кард. Мардуми бесилоҳро ба ҳалокат расонд. Болои марзбонони диловари ман ҳамлавар шуд. Диламро дарди ҷонгудоз фишурд. Фарёди пурдардам гӯши фалакро дар синаи шаб кар кард.
Ба ҷавонони Тоҷикистон бовар дорам. Бовар дорам, ки тамоми ҷавонони шердили кишвар интизори даъвати Ватан-Модаранд. Ин ҷавонони бонангу ор имкон намедиҳанд, ки он нохалафон хоби тифлони гаҳвораро ноором созанд. Намегузоранд, ки модари тоҷик сарсону саргардон бошад.
Беихтиёр дар синаи шаб абёти шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфиро бо овози баланд замзама мекунам:
Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус — анчарро кунӣ бешоху барг…
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»